Интиқодҳо аз Трамп барои қатъи кӯмакҳо ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ

Доналд Трамп.
Доналд Трамп.

Иқдоми президенти ИМА дар мавриди мутаваққиф намудани пардохти ҳақи узвият дар Созмони ҷаҳонии тандурустиро танқид карданд. Рӯзи пеш президенти ИМА гуфта буд, ки дар 60 то 90 рӯзи оянда ИМА аз пардохти ҳақи узвияташ дар Созмони ҷаҳони тандурстӣ худдорӣ варзида, нақши ин созмонро дар сирояти пандемияи короновирус таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи роҳбари Амрико, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷилавгирӣ аз пандемия ба хатоҳо роҳ додааст.

Рӯзи 15-уми апрел шумораи гирифторони короновирус ва ё бемории Ковид 19 дар саросари ҷаҳон ба беш аз 2 миллион нафар баробар шуд. ИМА беш аз ҳар кишвари дигар -- 600 ҳазор нафар гирифтори COVID -19 дорад ва ин беморӣ ҳаёти беш аз 30 ҳазор нафарро дар ин кишвар аз байн бурдааст.

Кишварҳои Аврупои Русия, Чин, СММ ва коршиносон иқдоми президенти Амрикоро, ки қатъи тахминан ним миллиард долларро ташкил медиҳад, интиқод карданд. Дар соли 2019 ИМА ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 400 миллион доллар дода буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон