Сафорати ИМА дар Тифлис аз ҳукми собиқ вазири дифоъ изҳори нигаронӣ кард

Иракли Окруашвилӣ дар додгоҳ
Иракли Окруашвилӣ дар додгоҳ

Додгоҳе дар Гурҷистон собиқ вазири дифоъ ва як раҳбари мухолифон Иракли Окруашвилиро барои хушунатҳои баъди эътирозҳои дастаҷамъии июни соли 2019 рухдода ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм мавриди нигаронии сафорати ИМА дар Тифлис шуд. Окруашвилӣ раҳбари ҳизби мухолифи “Гурҷистони пирӯз” моҳи июл дар берун аз бинои парлумони Гурҷистон боздошт шуд. Эътирозҳои 20-21 июн дар паи он сар зад, ки Сергей Гаврилов, як узви маҷлиси Русия ба курсии раиси маҷлиси Гурҷистон нишаст ва ин кори ӯро ҳамчун ёдоварӣ аз дахолати Русия ба умури кишвари хурди ҷанубӣ қабул карданд. Додгоҳи шаҳри Тифлис рӯзи 13 апрел гуфт, ки Окруашвилӣ дар ташкил ва ширкат дар хушунатҳои баъди намоишҳои эътирозӣ гунаҳгор аст. Эътирозҳо чанд ҳафта идома дошт ва тамоми ин вақт ҳизбҳои сиёсӣ пойфишорӣ карданд, ки низоми интихоботии Гурҷистон ба таври ноодилона ба манфиати ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” амал мекунад ва ба тағйири ин низом дар соли 2020 даъват карданд. Рӯзи 14 апрел сафорати ИМА дар Тифлис бо нашри изҳороте гуфт, ки ҳукми додгоҳ “дахолати сиёсӣ” буда, “адолат интихобӣ татбиқ шудааст”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон