расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Нашри номи 9 ҷангҷӯи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ”

. / Ҳаводис

Нашри номи 9 ҷангҷӯи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ”

Дар пайи ошкор шудани иштироки ҷангҷӯёнии гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ” дар ҳамлаи Толибон ба минтақаи Моймайи Дарвози Болои Афғонистон, дар як видео дар саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб” номи як гуруҳи ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ”-ро нашр карданд.
Дар ин видео, ки беш аз як соат аст, падару модар ва дигар хешовандони наздики ин ҷангҷӯён аъмоли наздикони ба “Ансоруллоҳ” пайвастаи худ, бахусус куштори бераҳмонаи сарбозони таслимшуда дар Моймайро маҳкум мекунанд ва аз наздикони худ тақозо мекунанд, ки силоҳро канор гузошта, аз саффи “Ансоруллоҳ” хориҷ шаванд ва ба хонаҳои худ баргарданд.
Инак исми чанде аз ин ҷангҷӯён:
  1. Юсупов Сӯҳроб Назришоҳ, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ,
  2. Холбеков Шакарбек
  3. Элмуротов Далер
  4. Насриддинов Рустамхӯҷа
  5. Воҳидов Абдулбосит
  6. Маҳмадов Дӯстмурод
  7. Шарипов Муҳаммад
  8. Урунов Ҷавоҳир
  9. Урунов Бегзод
Дар ин видео хешовандони ин ҷангиён аз номи мақомоти амниятӣ ба онҳо ваъда медиҳанд, ки агар бо хоҳиши худ силоҳро канор гузошта, баргарданд, мақомот ба онҳо кумак мекунанд.
Як рӯз пеш Латифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори афғонистонӣ видеои ҳамлаи ҷангҷӯён ба Моймайро нашр кард. Дар видео дида мешуд, ки дар хатти аввал ҷангҷӯёне қарор доранд, ки бо гӯиши хоси Тоҷикистон суҳбат мекунанд. Дар видео лаҳзае буд, ки чанд сарбоз дастҳояшонро бо аломати таслим боло бардоштаанд, вале ҷангҷӯён онҳоро бераҳмона тирборон мекунанд.
Латифи Пидром низ исми чанд ҷангҷӯи тоҷикистониро нашр кард:
  1. «Закариё» – номи аслиаш: Гадоев Басинбой, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд.
  2. «Юнус Арсалон» – номи аслиаш: Абдулбосит Воҳидов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ.
  3. «Маҳдӣ» – номи аслиаш: Дустмухаммад Мухаммадов
  4. «Ҳазифа» – номи аслиаш:  Далер  Элмуродов
Латифи Пидром гуфт, аксари ин ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар вулусволии Нисай ба духтарони маҳаллӣ издивоҷ кардаанд. Ӯ қатли сарбозони таслимшуда аз ҷониби ҷангҷӯёнро маҳкум кард ва толибҳои Дарвози Афғонистонро ҳушдор дод, ки ба ҷангҷӯён аз Тоҷикистон паноҳ дода, вазъро дар ин кишвари ҳамсоя ба ҳам назананд. Пидром бо ҳушдор аз авоқиби чунин амал гуфт, агар ҷониби Тоҷикистон марзҳояшро бо Дарвози Афғонистон бубандад, аҳволи сокинони ин минтақа шадидан бад хоҳад шуд, чунки ҳоло як роҳи асосии рӯзгузаронӣ ва таъмини ин мардум аз ҳисоби равуо ва тиҷоратест, ки бо Дарвози Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.