Пол Вилан хост, табиби сафоратхонаи ИМА ӯро муоина бикунад

Пол Вилан. Декабри соли 2018
Пол Вилан. Декабри соли 2018

Собиқ сарбози нирӯҳои баҳрии амрикоӣ Пол Вилан аз додгоҳи Маскав, ки ӯро барои ҷосусӣ муҳокима мекунад, хост, табиби сафоратхонаи ИМА-ро иҷоза бидиҳанд ӯро дар боздоштгоҳи муваққатӣ муоина бикунад. Ӯ гуфт, ки ҳолати бемории марбут ба узви мардона (чурра)-аш сангинтар шудааст. Интерфакс дар нақли қавл аз ҳуқуқшинос Владимир Жеребенков гуфт, ки дархости Вилан дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 13 апрел садо дод ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки мурофиа бо танаффуси дуҳафтаина аз сар гирифта шуд.

Қарор аст додгоҳ бар асоси ин дархост қарори худро қабул кунад. Мурофиаи баъдӣ ба 20 апрел таъин шудааст, вале ба гуфтаи вакили дифоъ, Вилан шикоят кардааст, ки нишастану бархостанаш бо мушкил даст медиҳад.

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан рӯзи 13 апрел гуфт, ки талош кард пеш аз шурӯи мурофиаи додгоҳии Вилан вориди толор шавад, вале дархости ӯ рад шуд. Дар як изҳорот Салливан гуфт:

“Пол ҳамоно аз мушкилоти тиббӣ, ки дар воқеъ ба ҳаёташ хатар доранду муолиҷаро тақозо мекунанд, азият мешавад. Мо батакрор дархост кардем, ки табиби мо ҳақи дидани Полро ба даст оварад, вале танҳо посухи рад гирифтаем”. Салливан дар идома навишт, ки аз сиҳҳатии Пол дар ташвиш аст, чунки ӯ “ба кӯмаки тиббӣ ниёз дорад ва бояд ба хонааш баргардад”.

Вилан, ки шиносномаҳои шаҳрвандии ИМА, Бритониё, Канада ва Ирландияро дорад, декабри соли 2018 дар як утоқи меҳмонхона боздошт ва дар гирифтани маълумоти сиррӣ айбдор шуд.

Ӯро дар ҷосусӣ муттаҳам карданд, ки то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вилан иттиҳомотро рад карда мегӯяд, ки мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст. Оилаи ӯ мегӯяд, ки Пол барои ширкат дар як ҷашни арӯсӣ рафта буд, вале боздошт шуд. Мақомоти амрикоӣ боздошти Виланро интиқод карда тарзи бархӯрд бо ӯро “шармандавор” номиданд. Онҳо талаб карданд, ки Вилан озод шавад.

Сафири ИМА дар идомаи изҳороташ 13 апрел иттиҳоми Пол Виланро бидуни шаҳодат ва боздошташро аз назари ахлоқӣ хато номид ва гуфт, ки ин қазия дар равобити ИМА ва Русия монеаи ҷиддӣ аст. Дейвид Вилан, бародари Пол Вилан гуфт, ки мақомот кормандони сафоратро бо баҳонаи нигарониҳо аз пандемияи коронавирус иҷоза намедиҳад, ки дар боздоштгоҳ бо бародари ӯ дидор кунанд. Мақомоти Русия муносибати нодуруст бо боздоштшударо рад мекунанд. Жеребенков гуфт, ки дар мурофиаи 13 апрел Пол Вилан гуфт, ки қазияи ӯ аз ҷониби Хадамоти амнияти федеролӣ сохтакорӣ шудааст. Боздошти Вилан то 13 сентябр тамдид шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон