расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Айнӣ “Мерседес” ба дарё чаппа шуд: ронанда ҳалоку мусофирон наҷот дода шуданд

. / Ҳаводис

Дар Айнӣ “Мерседес” ба дарё чаппа шуд: ронанда ҳалоку мусофирон наҷот дода шуданд

Автомашина ба умқи тақрибан 20 метр фурӯ рафтааст.


Сурат: хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ, акс аз бойгонӣ
Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 26 август дар километри 118-уми роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи сабукрави “Мерседес Бенз”, сокини 50-солаи деҳаи Зосуни ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина аз ҷарии 20-метра ба Фондарё чаппа мешавад.

“Баъди дарёфти хабари садама Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, 2 нафар мусофирони ҷароҳатбардоштаро аз дохили автомашина бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд”, - омадааст дар маълумоти Кумита.
Гуфта мешавад, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расилда, ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои рух додани садамаро таҳқиқ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.