Шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон аз 500 000 нафар гузашт

Катҳоро ба "карантин" дар Босния ва Ҳерзоговина омода кардаанд. 26-уми марти 2020
Катҳоро ба "карантин" дар Босния ва Ҳерзоговина омода кардаанд. 26-уми марти 2020

Бар асоси омори охирини нашршуда аз тарафи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз ним миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба коронавирус олуда шуда, наздик ба 23 ҳазор кас ҷон бохтаанд.

Раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 26-уми март ҳушдор дод, ки "коронавирус буҳрони ҷаҳонӣ аст ва вокуниши ҷаҳониро тақозо мекунад".

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, рӯзи 26-уми март теъдоди мубталоён ба коронавирус ба 510 ҳазор нафар расид.

Итолиё бо беш аз 8 ҳазор қурбонӣ яке аз кишварҳои асосии ҷабрдида аз коронавирус аст. Шумори фавтидагон дар инҷо тақрибан сеяки қурбониёни коронавирус дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Аз рӯйи шумори қурбониҳо Испания дар ҷойи дувум аст. Дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба КОВИД-19 беш аз 4 ҳазор кас ҷон бохтаанд.

Омори навтарин баъди он нашр шуд, ки раҳбарони бист кишвари иқтисоди бузурги ҷаҳон гуфтанд, ки аз пандемияи коронавирус ҷиддан нигарон ҳастанд ва бо паёмадҳои он якҷо мубориза мекунанд.

Раҳбарони G20 ҳамчунин гуфтанд, ки ба иқтисоди ҷаҳон беш аз 5 триллион доллар сармоягузорӣ мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон