Туркия дар куштори Ҷамол Хошуқчӣ 20 касро айбдор кард

Ҷамол Хошуқчӣ
Ҷамол Хошуқчӣ

Додситонии кулли Туркия дар робита ба куштори рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ зидди 20 нафар айб эълом кард. Дар ҳоли ҳозир санаи оғози мурофиаҳои додгоҳӣ маълум нест.

Яке аз гумонбарони асосӣ дар куштори рӯзноманигор мушовири пешини валиаҳди Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷамол Хошуқчӣ барои нашрияи The Washington Post матлаб менавишт ва сиёсатҳои Риёзро танқид мекард. Рӯзноманигорро рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истанбул куштанд. Вале ҷасади ӯ то ҳол пайдо нашудааст.

Ангушти иттиҳом ба сӯи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон баланд шудааст. Аммо Риёз даст доштани валиаҳдро дар ин ҳодиса рад мекунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Хошуқчӣ 21 нафарро дастгир карданд. Боздоштшудаҳо даст доштани худро дар ин ҷиноят рад мекунанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон