СҶТ: коронавирус босуръат паҳн мешавад

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳано Гебрэсус.
Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳано Гебрэсус.

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адҳано Гебрэсус мегӯяд, вируси нав дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар давоми 11 рӯз шумори мубталоёни коронавирус аз 100 ҳазор то ба 200 ҳазор нафар расидааст. "Пас аз чаҳор рӯзи дигар аллакай шумори беморон ба 300 ҳазор кас расид. То шоми рӯзи душанбе ин рақам дар саросари ҷаҳон 373 ҳазор шуд", -изҳор дошт ӯ.

Беш аз 20 навъи доруи зидди коронавирус ё худ COVID-19 дар ҳоли коркард қарор доранд. Дар бораи муассир будани яке аз онҳо танҳо метавон дар моҳҳои апрел сухан гуфт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон