ИМА аз Афғонистон ва Толибон тақозо кард, ки зиндониҳоро озод кунанд

Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА дар Афғонистон охири феврал бо Толибон созиши сулҳро имзо кард
Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА дар Афғонистон охири феврал бо Толибон созиши сулҳро имзо кард

ИМА гуфт, ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон бояд озодкунии зиндониҳоро “ҳарчи зудтар” шурӯъ кунанд ва афзуд, ки зарурати фавриро пандемияи коронавирус ҳам тақозо мекунад.

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи ИМА рӯзи 18 март дар Твиттераш навишт, ки “коронавирус озодкунии зиндониҳоро ба як амри фаврӣ табдил додааст; фурсат муҳим аст”.

Халилзод рӯзи 29 феврал бо Толибон созиши сулҳ имзо кард ва бо ин санад ҷонибҳои музокиракунанда ба ҷанги тақрибан 19-солаи Афғонистон хотима доданд. Ин созиш тақозо мекунад, ки дар остонаи шурӯи музокираҳои миёни худи афғонҳо 5 ҳазор ҷангҷӯи зиндонии Толибон ва як ҳазор узви ҳукумати Афғонистон аз зиндонҳои ҳарду тараф озод мешаванд. Толибон гуфтаанд, ки то замони ба иҷро даромадани ин банди созиш бо ҳукумати Афғонистон сари мизи гуфтушунид намешинанд. Президент Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки ҳоло 1500 узви Толибонро раҳо карда боқимондаҳоро баъди музокираҳо бо Толибон озод мекунад.

Халилзод навишт, бо вуҷуди мувофиқаҳо, то ҳол ҳеҷ як зиндонӣ озод нашудааст. Халилзод бори дигар ба озодкунии зиндониҳо пойфишорӣ карда гуфт, ки ин як бахши муҳими созиши ИМА ва Толибон аст. Ӯ афзуд, ки ҳарду ҷониб ҳам барои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ нишон додаанд ва танҳо ҳалли паҳлӯҳои фаннии масъала боқӣ мондааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон