Дар Чин сирояти коронавирус коҳиш меёбад, аммо беморӣ қариб дар 130 кишвари ҷаҳон паҳн гаштааст

Шумораи аввалин  кишварҳои  сироятшуда қариб ба 130 адад наздик шудааст, ин дар ҳолест, ки дар Чин хурӯҷи он коҳиш меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Шабонарӯзи гузашта ба рӯйхати кишварҳои сироятшуда чор давлати африқоӣ – Намибия, Ҷумҳурии Конго, Руанда ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ шомил гардиданд.

Имрӯз  Агентии беҳдошти санитарии Ӯзбекистон дар назди Вазорати тандурустӣ  эълон намуд, ки нахустин ҳолати сироят дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз Вазорати тандурустӣ  иттилоъ дод.

Дар умум, тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, субҳи 15 март дар ҷаҳон зиёда аз 142,6 ҳазор нафар сироят ёфта, 5393 нафар  фавтидаанд.

Дар Чин  мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии тандурустӣ, тӯли як шабонарӯз 20 нафар сироят шуда, 1370  нафар аз беморхона рухсат шудаанд. Вале шумораи фавт то 10 нафар афзуда, дар маҷмӯъ, 80844 нафар бемор шуда, 66911  бемор сиҳат шуданд ва 3199 нафар дучори марг шуданд. Аксари беморӣ  ва фавт ба   Ухани Чин  рост меояд.

Дар Аврупо паҳншавии коронавирус ҳоло идома дорад: дар Испания  дар як шабонарӯз беморӣ  аз   1,5 ҳазор то ба 5,7 ҳазор  расидааст, шумораи фавт инҷо қариб ба 200 нафар мерасад. Ҳукуматдорон ҳаракати одамонро дар саросари кишвар маҳдуд намудаанд. Италия дар Аврупо ба маркази хурӯҷи коронавирус табдил ёфтааст, инҷо 1441  нафар ҳалок гашта, шумораи мубталоён ба 17 750 нафар расидааст.

Тибқи иттилои CNN, дар Америка шумораи сироят ба 2795 расида, 57 нафар дучори марг шудаанд.

Дар Россия ҳолатҳои тасдиқшуда аз 45 ба 59 нафар расидаанд.

Бо мақсади пешгирии сироят баъзе кишварҳо сарҳади худро бастанд. Полша, Литва  низ вуруди хориҷиёнро манъ кардаанд. Чораҳои маҳдудкунанда алҳол ба нақлиёти боркаш тааллуқ надоранд.

Норвегия  шурӯъ аз 16 март бандарҳо ва фурудгоҳҳои худро  мебандад ва назорати қатъиро  дар сарҳад ба роҳ мемонад: дар ин кишвар 907 ҳолати сирояти  коронавирус ва ду фавт қайд гардидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон