расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз садама дар ҷануби ҷумҳурӣ мард ва ду фарзанди хурдсолаш ҳалок шуданд

Ҷомеа / Ҳаводис

Аз садама дар ҷануби ҷумҳурӣ мард ва ду фарзанди хурдсолаш ҳалок шуданд

Ҳамсар ва боз як кӯдак зинда монда, дар бемористон бистарианд.

Сурат: Акси марбута
Ҳамаи қурбониёни садамаи нақлиёт мусофири як автомашина буда, ҳамсари мард ва як духтари ноболиғаш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ин садамаи нақлиёти фоҷеабор рӯзи 1 декабр дар роҳи мошингарди Душанбе-Панҷи Поён рух додааст.
Автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” таҳти идораи Шарифҷон Мирзоев, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба автомашинаи тамғаи “Дэу Нексия” зери идораи ҳамдиёраш Абдурауф Қаноатови 33-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофирони автомашинаи “Опел Зефира” - 5 нафар узви як оила: сокини 35-солаи маҳаллӣ Аҳмадҷон Шодиев, ҳамсари 30-солаи ӯ Гулҳавас ва 3 нафар фарзандонашон - Меҳрафрӯзи 11-сола, Шукронаи 2-сола ва Умарҷони 1-сола бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда мешаванд.
“Падари хонавода ва фарзандони хурдсоли ӯ Шукрона ва Умарҷон аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шуданд”, - қайд мекунад ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.