Покистон: 70 мағоза ба коми оташ рафт


Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон сӯхтор ба қайд гирифта шуд.

Дар пайи сӯхтор 70 мағоза, 7 хона ва 5 нақлиёт ба коми оташ рафт. Ҳодиса дар шаҳри Хаттиани музофоти Музаффаробод ба амал омадааст. Бино ба маълумоти кормандони мақомоти полис сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, дар як мудати кӯтоҳ ба мағоза ва хонаҳое, ки дар атрофи он буданд, паҳн гардидааст. Дар натиҷа чанд анбори нагаҳдории маводи хӯрокворӣ оташ гирифт. Аз сабаби боришоти барф ва яхбандӣ ҳаракат тариқи шоҳроҳи Леепа баста шуда, кормандони Хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуда натавонистанд. Сокинони маҳаллӣ алангаи оташро зери назорат қарор додаанд. Леепа ягона роҳест, ки Музаффарободро бо Хаттиан пайваст мекунад ва дар робита ба боришоти барф се ҳафтаи ахир он баста шудааст. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон