ФАРЗАНД ХОНАРО ОТАШ ЗАД

 07.10.2019 тахминан соати 18.05-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Раҷабова Партобой 1951 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоргул, деҳ. Қулобод, н.Ёвон дар масоҳати 20-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши каҳдонхона ва 500-кг алафи хушки чорво сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 3.500-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор қасдан оташ задан аз тарафи писари соҳибхона, шаҳрванд Шералиев Р.М. дар ҳолати мастӣ мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон