ХУДКУШИИ САРМУҲОСИБИ БОНК

ХУДКУШИИ САРМУҲОСИБИ БОНК

 08.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Маҳрамбеков ҶумъабекЮсуфшоевич 1960 с/т, миллаташ тоҷик, муҳофизи “Амонатбонк”-и н.Ишкошим, истиқоматкунандаи деҳ. Рин дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 05.10.2019 сол тахминан соати 17.00-дақиқа ҳангоми дар хизмат қарор доштанаш, собиқ сармуҳосиби “Амонатбонк”-и н.Ишкошим шаҳрванд Турдиев Ориф Бахталиевич 1971 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳ. Ишкошим дар ҳолати мастӣ ба бонки мазкур даромада, аз ӯ тапончаи тамғаи “ПМ”-ро талаб карда гирифта, 1-маротиба ба фарши бино ва 2-юм маротиба ба сари худаш парронда, худро ба ҳалокат расонидааст. Нисбати шаҳрванд Маҳрамбеков Ҷ.Ю. аз тарафи прокуратураи н.Ишкошим парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 198 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон