ДУЗД БА ДАСТ АФТОД

ДУЗД БА ДАСТ АФТОД

 08.10.2019 шаҳрванд Хидирова Гулчеҳра Турсунбоевна 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи-33 х.34, ҳ.86 ба ШВКД ш.Хуҷанд муроҷиат намуд, ки санаи 08.10.2019 сол тахминан соати 14.00-дақиқа ҳангоми дар дохили автобуси мусофиркашонии №5 қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили сумкааш 1.950-сомонӣ, шиносномаи миллӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси” ва 4-адад телефонҳои гуногунтамғаи корношоямро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4.720-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳоҷибоев Абдувалӣ Сироҷиддинович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Истиқлол, кӯч. Ш.Шоҳтемур х.82, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Ҳоҷибоев А.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон