расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУҲОФИЗОНИ НУРӢ ПАДАРАМРО КУШТАНД…

Асосӣ / Сиёсат

МУҲОФИЗОНИ НУРӢ ПАДАРАМРО КУШТАНД…

 
Имрӯз, лаҳзаҳое, ки дар ноҳияи Мастчоҳ иди касбии кормандони милитсияро таҷлил мекунанд, беихтиёр симои гарму ширини падари азизам пеши назар омад. Махсусан, вақте ки раиси ноҳия Тоҳир Азиззода ва сардори ШВКД ҶТ дар н.Мастчоҳ полковник Эмин Ҷалилзода аз фидокориву ҷоннисориҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои аввали соҳибистиқлолият ёдоварӣ карданд, ифтихори ман аз фарзанди яке аз чунин афроди ватандӯст будан, бештар ва нафратам ба душманони миллату давлат-қотилони садҳо ашхоси озодаву покдил зиёдтар шуд.
Падари азизи мо, ҷавонмарде, ки дар айни ширинии ҳаёт ва оғози фаъолияти корияш, лаҳзаҳое, ки вазифаи худро иҷро мекард, ҳадафи тири хоинони нафратшудаи халқу ватан-муҳофизони раиси ТЭТ ҲНИ Абдуллоҳи Нурӣ гашт.
Вақте лейтенантро мекуштанд
Лейтенанти калон Вазиров Муллосаид Қозиевич, ки 27.05.1970 дар деҳаи Пастиғави н.Мастчоҳ ба дунё омадааст, агар зинда мебуд, имрӯз дар синни 50-солагии умри худ бо дӯстону ҳамкоронаш дар чорабиниҳои тантанавӣ иштирок мекард. Бовар дорам, ки ба дарёфти рутбаҳои баландтар низ мушарраф мешуд, зеро масъулиятшиносӣ, дӯст доштани касб, эҳтирому риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандону назорати тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷумлаи хислатҳои хубу писандидаи падари арҷманди мо буданд.... Мавсуф соли 1999 пас аз хатми мактаби олии милитсияи ВКД ҶТ барои кор зодгоҳ омад, дар байни ҳамкорон обруву эътибор ва дар ҷамъият соҳиби эҳтиром буд, вале...
Вале афсӯсу дареғ, ки моҳи феврали соли 2000 қадамҳои наҳсу номубораки яке аз асосгузорони ТЭТ ҲНИ ба ноҳияи Мастчоҳ мо 3 нафар фарзандонро барои як умр ятим кард. Захми тире, ки муҳофизони Нури дар рӯзҳои сафари ӯ ба н.Мастчоҳ 5-6 феврали соли 2000-ум ба синаи падари мо заданд, то ҳол дар дили мост. 
Мастчоҳиёнро тарсондан нашояд!
Падарам ва як ҳамкори дигарашро дар маркази ноҳия, дар ҷое, ки вохӯрии Нурӣ баргузор мешуд, дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми мардум бераҳмона паронданд, фақат ба як хотир-тарс додани мардум. Аммо мардуми Мастчоҳ тарсу нестанд, зодагони кӯҳистон ба мисли кӯҳсори зодгоҳашон устувору қавиирода ва ҳамеша ҷонибдори ҳақиқату адолат ҳастанд, ки наҳзатиёни қотил аз ин неъматҳо баҳрае набурдаанд. Агар не ҳеҷ гоҳ хуни падари ман ва садҳо шаҳрвандони бегуноҳро намерехтанд. Бо вуҷуди ин мо, ифтихор мекунем, ки фарзандони шаҳидем. Қиблагоҳи мо барои расидан ба имрӯзи пурсаодат ва бақои давлати қонунӣ ҷон дод, ному корномаи ӯ ва дигар афсарони шаҳиди милитсия дар дили мо ва ҳазорон сокинони кишвар ҷовидонист. Давлату ҳукумат моро сарпарастӣ кард, хононд ва кор доду тарбия намуд. Ҳар сол ҳамкорони падарам ба хонаи мо меоянд, ёдашро гиромӣ медоранд ва моро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. 
Иди касбӣ муборак, ҳомиёни қонуну тартибот-ҳамкорони падари ҷавонмаргам!
 
Зарнигор Вазирова, н.Мастчоҳ,

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.