расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Ҳукми 5 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фурӯши ғайриқонунии чӯбу тахта дар Русия

. / Муҳоҷир

Ҳукми 5 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фурӯши ғайриқонунии чӯбу тахта дар Русия

Ба ҷуз зиндонӣ шудан, ӯро лозим меояд, ки боз 400 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад.

Сурат: Акси марбута
Дар шаҳри Братски Русия шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи чӯбу тахта ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Бино ба иттилои суди шаҳри Братск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба фурӯш ва қочоқи чӯбу тахтаи ғайриқонунӣ тайёршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул будааст.
Гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноятпеша бастаи ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн рубл чӯбу тахта фурӯхтаанд.

“Суд мардро ба 5 соли зиндони низомаш сахт ва инчунин манъи машғул шудан ба фаъолияти хариду фурӯши чӯбу тахта ба муҳлати 1 солу 6 моҳ ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл маҳкум кард”, - омадааст дар хабар.
Зикр мегардад, ки ба сифати ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо суд пурра иқрор шудан ба гуноҳ, пушаймонӣ аз содир кардани он, мусоидат ба ошкор кардани ҷиноят, фарзандони хурдсолро дар тарбия доштан ва вазъи солимии гунаҳкорро ба инобат гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.