расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ду соҳибкори ҷавон барои ташкили пойга дар Душанбе

. / Ҳаводис

Боздошти ду соҳибкори ҷавон барои ташкили пойга дар Душанбе

Эҳтимол дорад бештар аз 30 ҳазор ҷарима шаванду ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум.

Сурат: dushanbepolice.tj
Дар шаҳри Душанбе 2 ронандаи автомашинаи гаронарзиш барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ боздошт гардиданд ва онҳоро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 22 ноябр ба РВКД дар шаҳри Душанбе наворе ворид гардид, ки шаби 21 ба 22 ноябр, соати 00.58 шабона 2 нафар ронандаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ байни ҳам пойгаи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо таҳдиди хатар ба ҷони дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе – кӯчаи Мирзо Турсунзода ин амали ғайриқонуниро амалӣ намудаанд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҳар ду ронандагон Асомиддинзода Исомиддин санаи таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,  ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-350»; соҳибкор, корманди ширкати мебелсозии ҶДММ «Сафо» ва Кароматулло Иброҳимов санаи таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Е-550», соҳибкор, ба хариду фуруши автомашина машғул аст, ошкору муайян ва ронандагону автомашинаҳо ба мақмомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

Ҳамзамон зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастрасшудагон Асомиддинзода Исомиддин ва Кароматулло Иброҳимов бо ҳам ҳамсинф буда, баъди як нишаст бо дигар ҳамсинфонашон ҳангоми сайругашт дар кучаҳои марказии шаҳр чунин амали хатарнокро ташкил намудаанд. Тибқи санҷиш ва нишондоди ронанда Кароматулло Иброҳимов, ҳамчунин муайян карда шуд, ки номбурда ҳангоми баргаштан ба сӯи хонааш бо сабаби аз меъёр баланд будани суръати ҳаракати воситаи нақлиёташ дар рӯ ба рӯи маркази савдои Ёвар аз уҳдаи идора набаромада, ба монеаҳои бетонии давродаври канори роҳ бархӯрдааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур, нисбат ба ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар ду автомашина то таъини ҷазои маъмурӣ дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.