Боздошти корманди сохтаи комиссариати ҳарбӣ дар Душанбе
Ӯ аз мансаби сохта истифода бурда, телефони ҳамроҳи 13 ҷавонро азхуд намуд.
Сурат: Аксҳо аз РВКД ДушанбеДар шаҳри Душанбе як ҷавони 28-сола, ки худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ намуда, ҷавононро бо таҳдиди ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст, боздошт гардид.
Ба РВКД дар шаҳри Душанбе зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд, бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби як нафар мардумфиреб қарор гирифта, телефонҳои мобилии худро аз даст додаанд. Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назарзода Акбарҷони Гадо, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Теппаҳои Самарқандиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд. Номбурда қаблан суд шудааст.
Гуфа мешавад, ки гумонбар бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст. Яъне ӯ худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.
Зикр мегардад, ки айни замон нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247(Қаллобӣ) қисми 2-Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.