расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Пентагон аз нақшаи коҳиши нирӯҳояш дар Афғонистон хабар дод

. / Ҷаҳон

Пентагон аз нақшаи коҳиши нирӯҳояш дар Афғонистон хабар дод


Чархболи низомии "Чинук"-и Амрико дар Вардак фуруд меояд. Акс аз соли 2019

ИМА то 15-уми январ, чанд рӯз пеш аз сари кор омадани президенти мунтахаб Ҷо Байден, шумори нирӯҳояш дар Афғонистонро ба таври ҷиддӣ коҳиш хоҳад дод. Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои ИМА Кристофер Миллер эълон кард, ки нирӯҳои амрикоӣ аз 4500 ба 2500 нафар коҳиш меёбанд ва инчунин аз Ироқ 500 низомӣ бармегардад ва он ҷо низ 2500 низомӣ боқӣ хоҳад монд. Миллер гуфт, ки қарор бар асоси нақшаи қаблӣ гирифта шуда ба маънои тағйир дар сиёсат ё ҳадафҳои ИМА нест. Ӯ гуфт, ки тасмими мазкур идомаи сиёсати Трамп ба хотири хатми ҷанг дар Афғонистону Ироқ ва “бозгардони сарбозони ҷасур ба хона аст”. Дастаи Байден ҳанӯз дар ин бобат вокунише накардааст, вале президенти мунтахаб ишора карда буд, ки тими ӯ хулосаҳои ҷаласаҳои марбут ба амнияти миллиро дарёфт намекунад, ҳарчанд бар асоси қонун дар марҳилаи гузариш тими президенти мунтахаб ҳам бояд дар ҷаласаҳо иштирок кунад. Рӯзи 17-уми ноябр дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз берункашии нобаҳангоми нирӯҳо дар марҳилаи кунунӣ ҳушдор дода буд.
Миллер гуфт, ки ИМА дар канори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ мемонад, чун ҳукумати ӯ гуфтугӯи сулҳро бо Толибон идома медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.