расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Аввалин сафари нахуствазири Покистон Имрон Хон ба Афғонистон

. / Ҷаҳон

Аввалин сафари нахуствазири Покистон Имрон Хон ба Афғонистон

27-уми июни соли 2019 президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ меҳмони нахуствазири Покистон Имрон Хон буд

Рӯзи 19-уми ноябр Имрон Хон, нахуствазири Покистон бо як сафари нодири якрӯза ба Кобул парвоз мекунад. Радио “Машъал” хабар медиҳад, ки аз замони сари кор омаданаш ба мақоми нахуствазирӣ аввалин бор аст, ки Имрон Хон аз Афғонистони ҳамсоя дидан мекунад. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Покистон рӯзи чоршанбе гуфта шуд, ки Имрон Хон бо даъвати президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Кобул сафар мекунад. Дар ин сафар дар баробари мулоқоту гуфтугӯҳо бо Ғанӣ, қарор аст масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷараёни сулҳ, рушди иқтисодии минтақа ва иртиботу ҳамкории миёни мақомоти Афғонистону Покистон баррасӣ шавад.
Ду раҳбар моҳи маи соли гузашта дар ҳошияи Созмони конфронси исломӣ дар Арабистони Саудӣ дидору гуфтугӯ карда буданд ва як моҳ баъдаш Ғанӣ ба Покистон сафар анҷом дод. Ду кишвар соли 2010 созишномаи тиҷоратии интиқоли бору молро имзо кардаанд ва дар остонаи сафари нахуствазири Покистон ба Кобул мушовири тиҷоратии Хон – Раззоқ Довуд ба Кобул рафта масоили тиҷорату самоягузориро бо мақомдорони афғон баррасӣ намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.