КДАМ: ду ҳолати воридшавии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд

Дар минтақаҳои дидбонгоҳҳои сарҳадии Отряди сарҳадии

«Шӯрообод»-и ҚС КДАМ ҶТ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон амалиёти муштарак гузаронида шуда, ду ҳолати воридшавии маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд. Қочоқбарони афғон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ бо наряди сарҳадӣ ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ мешаванд. Сарҳадбонон мувофиқи талаботҳои Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, барои нигоҳ доштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ба осмон тир холӣ менамоянд, қочоқбарони афғон ба амри муҳофизони сарҳад итоат накарда ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд. Дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд, ки қочоқбарони афғон аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 25 кг., маводи мухаддири навъи афюн ва 4 кг бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин ҳодисаҳо аз тарафи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон корҳои тафтишоти идома доранд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон