Аз тири шаҳрванди Қирғизистон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як сокини ин ҷамоат.

Ба қавли манбаъ, имрӯз, тахминан соати 15:10 шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ворух тир холӣ карданд.


“Онҳо дар деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух оташ кушоданд. Дар натиҷа як нафар – Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расида, як нафар - Ансориддин Ҳайдаров аз дасташ захмӣ шуд”,-гуфт сокини ҷамоат.

Боз ду нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон - Абдуғафру Воҳидов ва Насиба Зайниева аз сангпартоӣ ба ҷонибашон ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Сабаби муноқишаи навбатӣ маълум нест. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, ҷониби Қирғизистон сокинони худро мусаллаҳ менамояд.

 

Ҳоло роҳ аз ҷониби Исфара ба самти Ворух аз тарафи қирғизҳо баста шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷойи ҳодиса

“Онҳо ҳатто ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки субҳи имрӯз барои мулоқот бо сокинони ин маҳал ба Ворух омада буд, иҷозаи хуруҷ аз ин маконро надодаанд. Ҳоло онҳо якҷо бо роҳбарияти мақомоти қудратии Суғд ва шаҳри Исфара дар Ворух қарор доранд”,-хабар медиҳад манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи гузашта, 13 март пас аз барқарор кардани сохтмони роҳ дар қаламрави баҳсӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Қирғизистон оғоз шуд.

Ҷониби Қирғизистон қарори ниҳоӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишварҳоро интизор нашуда, ба сохтмони роҳ оғоз намуд. Се рӯз пеш корҳои сохтмони роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ бидуни убури қаламрави Ворух шурӯъ гардид.