РАИСИҶУМҲУРИ АЛҶАЗОИР ДАР ПАЙИ ЭЪТИРОЗҲО АЗ ДАВРАИ ПАНҶУМИ РАЁСАТ ДАСТ КАШИД (ВИДЕО)

Президенти 82-солаи Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа дар пайи эътирозҳои густардаи мардум эълон кард, ки номзадиашро барои давраи панҷуми раёсат намегузорад ва омода ҳаст, ки ҳукуматро ба насли нав супорад. Бутафлиқа баъди ин эълон ҳукуматашро ба истеъфо фиристода, вазири дохила Нуриддин Бедуиро сарвазири нав таъйин кард. Аз 23 феврал дар саросари Алҷазоир алайҳи азми Бутафлиқа барои пешбарии дигарбораи номзадиаш ба президентӣ эътирозҳо идома доранд. Бутафлиқа, ки беш аз 20 сол боз бар Алҷазоир ҳукумат меронад, 6 сол боз дар аробачаи маъюбӣ роҳ рафта, бо азоб суҳбат мекунад. Дар паёми ахираш ӯ эътироф кард, ки синну сол ва вазъи саломатиаш дигар имкон намедиҳанд, ки «ман масъулиятамро дар назди миллати Алҷазоир адо кунам.»

Аз рӯзи 23 феврал, билофосила баъди онки ҳизби ҳокими раисиҷумҳури кунунии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқаро барои бори панҷум ба президентӣ пешбарӣ кард, дар саросари ин кишвари арабии Африқои шимолӣ эътирозҳо шурӯъ шуданд.

Ин эътирозҳо дар ҳоле сар заданд, ки Бутафлиқа барои табобат дар Швейтсария қарор дошт. Бутафлиқа аз соли 2013, дар пайи хунравии мағзӣ (инсулт) роҳ рафта наметавонад ва дуруст ҳарф ҳам зада наметавонад. Ӯ бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.

Бутафлиқа шаби 10 март аз Швейтсария ба Алҷазоир баргашт ва рӯзи 11 март дар пайи машварат бо аъзои калидии ҳукуматаш эълон кард, ки номзадиашро барои давраи панҷум намегузорад ва интихоботро ба ақиб меандозад.

"Давраи панҷум намешавад. Ин масъала аслан дар зеҳни ман набуд. Вазъи саломатӣ ва синну солам имкон намедиҳанд, ки ман масхулияташамро дар назди миллати Алҷазоир иҷро кунам. Ҷумҳурии ҷадид ба дасти наслҳои ҷадиди алҷазоириҳо супурда хоҳад шуд, ки албатта, дар бунёди зиндагӣ ва пешрафти фардори Алҷазоир нақши асосӣ бозӣ хоҳанд кард.”

Замони нави интихобот маълум нест, вале дар он тарҳи Қонуни асосии ҷадиди Алҷазоир низ дар маърази раъйпурсии умумӣ гузошта мешавад.

Рӯзи 11 март сарвазири Алҷазоир Аҳмад Яҳё низ истеъфо дод. Ба ҷои ӯ Бутафлиқа нуриддин Бедуӣ, вазири корҳои дохилӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва рушди минтақаҳоро таъйин кард.

Нозирон мегӯянд, Абдулазиз Бутафлиқа як намунаи он ҳокимони дарозумр аст, ки мутаассифона, вақти рафтанашон бо ду панҷа қудратро қабза мекунанд ва дар ниҳоят зери фишори мардум маҷбур мешаванд, ки шармандавор тарки мансаб кунанд.

Бутафлиқа дар солҳои 50 ва 60 яке аз чеҳраҳои ангуштнамои ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Алҷазоир буд ва соли 1999 бори аввал президент интихоб шуда, ба ҷанги шаҳрвандие, ки беш аз 150 ҳазор кушта ба ҷо гузошт, хотима дод. Ду давраи мумкини раёсати ӯ соли 2007 ба анҷом расид, вале Бутафлиқа Қонуни асосиро тағйир дода, ҳаққи тамдиди давраҳои раёсаташро ба даст овард. Бори охир ӯ дар аробачаи маъюбӣ қасами президентӣ ёд кард ва баъди он дар мазҳари ом хеле ками дар кам зоҳир мешавад.

Моҳи феврал ҳизби ҳоким бори панҷум номзадии Бутафлиқаи 82-соларо ба президентӣ пешбарӣ кард. Вале мардум инро напазируфт ва ба нишони эътироз бо шиорҳо "Ба даври панҷум не мегӯем!”, "Бутафлиқа – ба истеъфо!”, "Низоми ҷумҳурӣ шоҳигарӣ нест!”, "Мо – тарафдори Алҷазоири демократӣ!” ва амсоли ин ба майдонҳо рехт. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурд, вале эътирозгарон дар иваз ба нирӯҳои пулис гули садбарг ҳадя мекарданд. Сарвазири Алҷазоир Аҳмад Яҳё бо ишора ба ҷанги харобиовар дар Сурия гуфт, ки дар он ҷо низ эътирозҳо бо ҳадяи гул ба нирӯҳои пулис оғоз ёфта буд, вале доманаи эътирозҳо дигар чунон густарда шуда буд, ки пешашро гирифта намешуд.

Алҷазоиркишварест дар шимоли Африқо, ки дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойгир шуда, қисми аъзами қаламравашро биёбон ташкил медиҳад. Дар Алҷазоир беш аз 40 миллион нафар зиндагӣ мекунанд Алҷазоир мустамликаи собиқи Фаронса буда, соли 1962 соҳиби истиқлол шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон