расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Миёни Панҷакенту Самарқанд роҳи оҳан сохта мешавад

. / Ҷомеа

Миёни Панҷакенту Самарқанд роҳи оҳан сохта мешавад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин роҳ бояд то як соли дигар бунёд шавад.

Сурат: trainpix.org
Дар назар аст то ҷашни 30-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон  ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи оҳан бунёд шавад.
Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як ҷаласаи вижа, рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Панҷакент иброз доштааст.
‌“Мо бо вазири саноат ва технологияҳои нав маслиҳат кардем. Нақша омода шудааст ва айни замон дар ҷустуҷӯи сармоягузор ҳастем. Дар оянда тариқи ин роҳи оҳан мо метавонем маҳсулоти худро ба хориҷ барорем. Дар ноҳияи Айнӣ конҳои ангишт ҳаст, мо метавонем ангишти ин ноҳияро ба берун содирот  кунем. 20 киллометрашро мо, боқимондаашро худи давлати ҳамсояи Ӯзбекистон бунёд мекунад”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Қаблан то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як лоиҳае мавҷуд буд, ки бояд роҳи оҳан миёни Самарқанду Панҷакент сохта мешуд. Беш аз 50%-и корҳо омода шуда буд. Аммо баъди барҳамхӯрии СССР ин лоиҳа нотамом боқӣ монд.
Дар гузашта ҳам талошҳои бунёди роҳи оҳан миёни Панҷакент у Самарқанд шуда буд. Соли 2004 Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҳамдастӣ бо ширкати «Сам Бу» аз кишвари Куриёи Ҷанубӣ барои васли манотиқи водии Зарафшони Тоҷикистон бо хатти роҳи оҳани Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанди он кишвар иқдом карда буд.
Ширкати куриёӣ, ки мехост  дар Панҷакент як корхонаи муштарак барои истеҳсоли нурии минералии фосфорид бунёд кунад, гуфта буд, барои кашидани хатти роҳи оҳан то шаҳри Самарқанд то 200 миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст.
Он замон шаҳрдории Панҷакент гуфта буд, ки намояндагони ширкати «Сам Бу» ин тасмими худро ахиран баъди анҷоми як мулоқот бо мақомоти ҳукуматҳои Панҷакент ва вилояти Самарқанди Узбакистон изҳор доштаанд.
Ин ширкати курёӣ он замон барои дарёфти иҷозаи бунёди хатти роҳи оҳан ба давлати Тоҷикистон муроҷиат карда буд. Вале ин тарҳ ба далели сардиҳое, ки дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон он замон ба вуҷуд омада иҷроӣ нашуд.
Миёни Самарқанду Панҷакент ҳамагӣ 60 км роҳ аст, ки дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди миёни ду шаҳр фаъол аст ва молу колои воридотиву содиротӣ тавассути он ҳамлу нақл мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.