Амрико 4,6 млн доллари Боқиевҳоро ба Қирғизистон медиҳад

Қурмонбек Боқиев - президенти пешини Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев - президенти пешини Қирғизистон

ИМА тасмим дорад, ки 4,6 миллион доллари дуздии хонаводаи президенти пешин Қурмонбек Боқиевро ба Қирғизистон бозпас диҳад. Дар ин бора муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс хабар дод.

Додгоҳе дар ИМА қарор кард, ки дар маҷмуъ 6 млн доллари дуздии Боқиевҳоро ба Қирғизистон баргардонад.

Ҳукумати Қирғизистон тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ аз ИМА дархост карда буд, ки пулҳои мусодирашударо ба Қирғизистон супорад. 4 октябри соли 2018 вазорати адлияи ИМА дархостро таъйид кард. Аммо аз 6 млн доллари даъвошуда танҳо 4,6 миллионашро ошкор карданд.

"Баргардонидани ин маблағ дар муносибатҳои ду кишвар аҳамияти зиёд дорад. Ин рӯйдод баёнгари пуштибонии ҳукумати ИМА аз сиёсати зиддикоррупсионии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аст", - гуфт Элис Уэллс.

Ӯ афзуд, пулҳои мазкур барои рушди минтақаҳо, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва ғайра харҷ мешаванд.

Қурмонбек Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Ӯ дар таърихи 7 апрели соли 2010 дар натиҷаи инқилоби мардумӣ аз мақом барканор шуд. Боқиев ҳоло дар Белорус зиндагӣ мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон