Оғози даври нави музокирот миёни Амрико ва Толибон дар Қатар

Даври панҷуми гуфтугӯҳо миёни ҳайати Амрико ва Толибон имрӯз, 25-уми феврал дар шаҳри Давҳа -- пойтахти Қатар оғоз меёбад. Даври қаблии ин гуфтугӯҳо моҳи январ ба муддати шаш рӯз дар Давҳа идома карда буд ва ду ҷониб эълом карданд, ки дар мавриди бархе аз масъалаҳои муҳим ба таври умумӣ ба созиш расидаанд.

Тибқи гузоришҳо, мувофиқа бар сари як ҷадвали замонӣ барои берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва замонати ин, ки Афғонистон бори дигар лонаи гурӯҳҳои террористӣ намешавад, масъалаҳое буданд, ки дар бораи он созиш шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар паёми твиттерӣ навиштааст, ки ин бор низ дар бораи ҳамин масоил ва мавзӯъҳои вобаста ба он, сӯҳбат мешавад.

Миёни намояндагони Амрико ва Толибон то ба ҳол чаҳор бор музокирот сурат гирифтааст.

Барномаи дақиқи гуфтугӯи имрӯза ҳоло маълум нест, вале чанд рӯз пеш дар як эъломия Толибон гуфтанд, ки барои ширкат дар ин музокирот ҳайати 14-нафараи ин гурӯҳ бо раҳбарии Шермуҳаммад Станакзай аз Покистон ба Давҳа меравад. Толибон гуфтаанд, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз муассисони ин гурӯҳ, ки ба муддати 8 сол дар Покистон маҳбус буд ва ба наздикӣ озод шуд, дар ин музокирот ширкат мекунад.

Ин бор ҳам маълум нест, ки нишасти Қатар чанд рӯз давом мекунад. Вале хабаргузории "Франс-пресс" мегӯяд, шояд ин бор Толибон дар мавриди берун кардани номҳои раҳбаронашон аз рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид, исрор кунанд.

Толибон ахиран гуфтанд, ки мулоқоташон дар Исломобод бо ҳайати амрикоӣ ва нахуствазири Покистон ба ин хотир лағв шуд, ки номҳои бархе аз раҳбаронашон дар рӯйхати сиёҳи СММ қарор дошт ва онҳо сафар карда наметавонистанд.

Миёни намояндагони Амрико ва Толибон то ба ҳол чаҳор бор музокирот сурат гирифтааст. Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон моҳи гузашта пас аз музокироти шашрӯза дар Давҳа гуфт, ки барои сулҳ дар Афғонистон бо Толибон дар бораи чаҳорчӯбаи куллии сулҳ ба созиш расиданд. Оқои Халилзод гуфтааст, пешнависи ин созиши шомил "барномае барои хуруҷи нерӯҳои Амрико, барқарории оташбас ва берун кардани гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар хоки Афғонистон аст."

Аммо бо вуҷуди дархостҳои бор-бори ҳукумати Кобул барои гуфтугӯ бо Толибон, ин гурӯҳ то ба ҳол ҳозир нашудааст, ки бо ҳукумати марказии Афғонистон музокирот кунад. Амрико ҳам гуфтааст, ки созиш бо Толибон танҳо он вақт амалӣ мешавад, ки ин гурӯҳ оташбас эълон кунад ва ба гуфтугӯ миёни афғонҳо розӣ шавад.

Пас аз поёни даври қаблии гуфтугӯҳо, мақомҳои ҳукумати Афғонистон аз шеваи он, норозигӣ карданд. Аммо ахиран дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон кард, ки Ашраф Ғанӣ ва Залмай Халилзод дар бораи пешбурди нави раванди сулҳ ба созиш даст ёфтанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон