Лукашенко гуфт, "зарурати посух гуфтан ба Амрико пеш омадааст"

Александр Лукашенко, президенти Беларус гуфт, ки пас аз ихроҷи ИМА аз созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози низомӣ бо Русия зарурат ба посухи муштараки Минск ва Маскав пеш омадааст.

Ба навиштаи оҷонсии хабарии Белта, Лукашенко ҳангоми суханрониаш дар Академияи ҳарбии Минск чунин изҳорот додааст.

Ба андешаи Лукашенко, қатъи шартнома барои Беларус ҳам оқибатҳои бад дар пай дорад. Ӯ гуфт, ҳангоми сар задани низоъ миёни абарқудратҳо пеш аз ҳама «фалокат бар сари мост».

Лукашенко мӯътақид аст, ки Русия созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвозро нақз накардааст. Ӯ афзуд, ки берун шудани Амрико аз ин созишнома ба Вашингтон имкон медиҳад, ки мушакҳои худро дар кишварҳои Аврупо, ҳатто дар Украина ҷойгир кунад.

ИМА рӯзи 2-уми феврал эълон кард, ки аз паймони маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз бо Русия хориҷ мешавад.

Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз дар соли 1987 байни Роналд Рейган ва Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури Амрико ва Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуд. Аммо давоми ин солҳо Амрико борҳо аз шеваи амалкарди Русия дар ин паймон интиқод кардааст. Русия низ аз дар ин робита Амрикоро ба боди интиқод кашидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон