Эрон: сӯхтор дар бинои баландошёна 50 кушта барҷой гузошт

 

Дар маркази пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон - шаҳри Теҳрон

дар яке аз биноҳои баландошёна сӯхтор ба амал омад. Ҳодиса дар бинои маркази савдои «Пласко», ки аз 17 ошёна иборат аст, рух дод. Баъди сар задани сӯхтор кормандони хадамоти оташнишонӣ ба ҷойи воқеа ҳозир шуда, ба хомӯш кардани сӯхтор машғул шуданд. Вале дар ин вақт бинои мазкур якбора фурӯ рафт. Ҳангоми фурӯравии бино дар дохили он аз панҷоҳ то сад нафар оташнишон қарор доштанд. Аз рӯйи маълумоти охирин бар асари ҳодиса 50 нафар ба ҳалокат расида, шумораи захмиён ба сад нафар мерасад. Эҳтимои афзоиш ёфтани теъдоди фавтидагон вуҷуд дорад. Зеро ҳанӯз харобаҳои бино бартараф карда нашудааст ва нафарони зиёд дар зери он боқӣ мондаанд. Ҷараёни фурӯ рафтани бино тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим нишон дода шуд. Кормандони Воситаҳои ахбори омма аз ҷараёни сӯхтор ба таври мустақим гузориш паҳн карданд. Ҳангоми сӯхтор аз дохили бино садҳо нафар ба берун бароварда шуданд. Маълумот дар хусуси фавтидагонро шабакаҳои телевизионии давлатӣ интишор намуданд. Тибқи маълумот сӯхтор аз ошёнаи нуҳум сар зада, дар муддати кӯтоҳ ба тамоми бино паҳн шуд. Аз замони сар задани сӯхтор то фурӯ рафтани бино беш аз чор соат вақт сипарӣ шуд. Айни ҳол атрофи маркази савдои Пласко муҳосира гардида, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаи нохуш ва таркиши газ сокинони атрофи он ба ҷойи дигар таҳвил ёфтанд. Бинои 17 ошёнаи макази савдо соли 1962 сохта шуда, яке аз биноҳои баландошёнаи Эрон ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо молу ашёҳои гуногун хариду фурӯш мешуд. Соҳибони маркази савдо чандин маротиба аз ҷониби ҳукуматдорон барои мустаҳкам набудани появу деворҳои он огоҳнома гирифта буданд. Айни замон дар макони фоҷиа кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ фаъолият дошта, тавасути техникаву сагҳо ба ҷустуҷӯи одамони дар зери харобаҳо қарордошта машғуланд. Ҳамчунин наздикону пайвандони фавтидагон дар ҷараёни амалиёти наҷотдиҳӣ ширкат дошта, кӯшиш доранд нафарони зиндамондаро аз зери харобаҳо берун оранд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон