Туркия қасд дорад, аз Русия системаи дифоии S-400 бихарад

Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, кишвараш бо вуҷуди фишори Амрико, қасд дорад, аз Русия системаи дифоии S-400 бихарад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо расонаҳо дар Анкара гуфт, муомилаи хариди системаи S-400 миёни ин кишвар ва Русия анҷом шудааст ва Туркия наметавонад аз он даст кашад.

Қаблан Амрико аз Туркия, ки узви паймони НАТО аст, хоста буд, системаи дифоиро аз ин кишвар метавонад ба арзиши панҷ миллиард доллар бихарад. Амрико ба Туркия ба ҷойи S-400-и Русия системаи дифоии "Патриот"-ро пешниҳод карда буд.

Муҳлати ғайрирасмӣ барои посух гуфтан ба ин пешниҳод рӯзи 15-уми феврал ба поён расид.

Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, кишвараш ҳанӯз ҳам барои хариди системаи дифоии “Патриот” аз Амрико омода аст, вале Вашингтон шарт гузоштаст, ки бояд Анкара муомиларо бо Маскав рад кунад.

Вашингтон гуфтааст, системаи дифоии Русия наметавонад дар қаламрави кишварҳои узви паймони НАТО насб шавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон