Сафари котиби давлатии ИМА дар Аврупо шурӯъ шуд

Помпео аз чап ва Орбан аз рост

Помпео аз чап ва Орбан аз рост

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 11 феврал сафари панҷрӯзаи худро ба кишварҳои Аврупо шурӯъ кард, ки ҳадафаш мухолифат ба нуфузи афзояндаи Русия ва Чин дар Аврупои Марказӣ мебошад. Помпео рӯзи 11 феврал вориди Венгрия шуда, баъдан аз Словакия ва Полша ҳам дидан мекунад. Қарор аст сафари ӯ бо дидор аз Брюссел ва Рейкявики Исландия дар таърихи 15 феврал ҷамъбаст шавад.

Мақомоти баландпоя гуфтанд, ки Помпео бояд бо нахуствазири Венгрия Виктор Орбан, як тарафдори президенти Амрико Доналд Трамп дидору мулоқот кунад. Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани номаш гуфт, ки дар музокирот талошҳо барои “тақвияти равобити амниятӣ ба хотири муқобила бо таҷовузи Русия ва тақвияти НАТО”, ҳамчунин кӯмак ба Украина баррасӣ мешавад.

Ба илова дар ҷараёни музокироташ бо мақомоти Венгрия, масъалаи дифои мушакӣ ва ҳавоӣ баррасӣ шуда, саҳми ин кишвар дар Афғонистон ва муборизааш бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна матраҳ мешавад. 
Қарор аст Помпео аз ҷомеаи шаҳрвандии Венгрия пуштибонӣ карда бо раҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар мулоқот кунад.

Венгрия, ки дар гузаштаҳо аз ҷониби созмони Хонаи озодӣ ба унвони як кишвари “озод” арёбӣ мешуд, ба хотири ҳамлаҳои пайвастаи ҳизби нахуствазир Виктор Орбан ба матбуот, додгоҳҳо, гурӯҳҳои динӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар гузориши соли 2019-аш ҳамчун як давлати “қисман озод” арзёбӣ мешавад.

Департаменти давлатӣ гуфт, ки сафари Помпео ба Аврупои Марказӣ баъди 30 соли суқути “деворҳои оҳанин” дар паи талошҳои озодихоҳона ва истиқлолталабонаи кишварҳои аврупоӣ сурат мегирад.

Қарор аст рӯзҳои 13 ва 14 феврал Помпео дар конфронси бахшида ба Ховари Миёна иштирок кунад, ки масоили Эронро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст. Дар ин нишаст қарор аст нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, муовини президенти Амрико Майк Пенс, домоди президент ва ҳам мушовири калони Трамп дар умури Ховари Миёна Ҷаред Кушнер ва дигарҳо иштирок кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон