Манъи истифода аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии Туркманистон

Сафорати Амрико дар Туркманистон аз кормандонаш хостааст, ки аз хадамоти ширкати ҳавопаймоии ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ истифода накунанд. Ин тасмим пас аз манъи парвози ҳавопаймоҳои "Туркменҳовайоллари" дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт. Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) парвози ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистонро то замони тасдиқи посухгӯ буданаш ба талаботи ҷаҳонии амнияти ҳавонавардӣ боздошт. "Дар робита ба ин, кормандони сафорати Амрико наметавонанд бо ҳавопаймоҳои ширкати миллии Туркманистон сафар кунанд", – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат. Бино ба ин баёния, ин тасмим ба парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дахл дорад. Сафари дипломатҳои амрикоӣ бо ҳавопаймоҳои Туркманистон танҳо баъди бардошта шудани маҳдудияти Оҷонси амнияти ҳавонавардии Аврупо мумкин хоҳад шуд. Рӯзи 4-уми феврали имсол дар сайти Вазорати умури хориҷии Бритониё хабар нашр шуд, ки Оҷонсии амнияти ҳавонавардии Аврупо ширкати "Туркменҳовайоллари"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. То ба ҳол маълум нест, ширкат чӣ меъёрро вайрон кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон