Садамаи ҳавопаймои аз Қирғизистон парвозкарда дар Эрон

Ҳавопаймое, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 14 январ ҳавопаймои Boeing 707, ки аз Қирғизистон парвоз карда буд, дар Эрон суқут кард.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо ба ширкати эронӣ тааллуқ дошта, аз Қирғизистон ба Эрон парвози чартерӣ анҷом медод. Дар ин бора Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳавопаймо соати 7:16 ба вақти Бишкек аз фурудгоҳи "Манас" парвоз карда будааст.

Дар ҳоли ҳозир иттилои расмие дар бораи шумори қурбониён нашр нашудааст. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки дар дохили ҳавопаймо 9 одам ҳузур дошт. Эҳтимол дорад, шумори қурбониҳо аз 9 то ба 16 кас расад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон