расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Директори муассисаи тиббии “якум Советский” аз кор озод шуд

Асосӣ / Ҷомеа

Директори муассисаи тиббии “якум Советский” аз кор озод шуд

То ҳол ба кори дигар гузаштани Маҳмадзода маълум нест.

Сурат: Asia-Plus
Фаррух Маҳмадзода, директори  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) аз вазифаи ишғолнамудааш барканор гардид. Дар ин бора ба “Азия - Плюс” манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод. 
Ба гуфтаи манбаъ, сабаби аз кор озод намудани Маҳмадзода маълум нест ва ӯ ба кори дигар низ нагузаштааст.

“Сабаби аз кор озод шудани Маҳмадзода маълум нест ва то ҳол ба кори дигар низ нагузаштааст. Вале маълум аст, ки ӯ аз паси фаъолияти илмӣ аст ва шояд сабаб низ ҳамин бошад”.
Ҳамсӯҳбатамон илова кард, ки рӯзи 4 ноябр директори  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” аз кор озод ва дар ин вазифа ӯро Сафарзода Абдулло Мумин, директори Маркази шаҳрии илмию реаниматсия ва детаксикатсияи беморхонаи “Медгородок” иваз намуд.
Ёдрас мешавем, ки 6 майи соли равон Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” таъин гардида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.