расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

. / Иқтисодиёт

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 25 августи соли равон эълон кард
 Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1379 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1420 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3192 то 10.3200
сомонӣ арзёбӣ кардааст. Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2035 то 12.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1415 то 0,1440 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.137 то 0.144 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1365 то 0,1450 сомонӣ нишон дода шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.