расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазири нав сари қабри модараш савганди ҷавонмардӣ ёд кард

. / Сиёсат

Вазири нав сари қабри модараш савганди ҷавонмардӣ ёд кард

Ширин Амонзода аҳд додааст, ки дар мақоми вазирӣ ҳалол кор мекунад ва ба мардум содиқ мемонад


Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ҳолии Тоҷикистон, ки дар ҳукумати нав ба кобина омад, дирӯз сари қабри модараш рафта, ба таъбири худаш "савганди ҷавонмардиву фарзандӣ" ёд кардааст. Дар ин бора вазири нав дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст. 
Ширин Амонзода, ки то расидан ба ин мақом раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон буд, навиштааст, ки имрӯз бо амри тақдир ҳамчун фарзанди ин Ватани муқаддас дар хидмати мардум қарор доштан насибам гаштааст.
"Ҳануз дар фараҳи савганди ҷавонмардии Ҷаноби Олӣ будам, ки рисолати роҳбарии як ниҳоди калидии ҳукуматро бароям бовар карданд. Ва ин рӯзи таъинот ба рӯзи зодрӯзи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду биҳишти барин маъвояш) иттифоқ афтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт".- ёд овардааст вазирбону.
Ин вазир аз модараш бо муҳаббат ёд карда, саҳми ӯро дар расидани худ ба ин мақомҳо хеле барҷаста донистааст. "Нафаре буд дар ҳаётам хеле азиз, чунки тамоми хислатҳои неки инсониро доро буд ва мо фарзандонро дар ин руҳияиву муҳит ба воя расонидааст. Бо он, ки як кӯҳистонзода буд, зани порсосифату буду подшоҳхиммат, ғурурафкану боҷуръату пурҳиммат ва бо ин хама ниҳоят хоксор, самимӣ ва заминӣ буд".
Дар ин навиштааш Ширин Амонзода бо ишора ба як насиҳати волидайнаш, ки гуфтаанд ҳамеша ҳалол кор куну бо мардум содиқ бош ба онҳое, ки аз вазиршавияш истиқбол кардаанд, аҳд бастааст:  
"Барои сазовор будан ба он ҳама боваре, ки ба донишу таҷрибаам шудаасту Шумо дар чанбари доварӣ нишастаед, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои соҳавӣ бо камари ҳиммат сайъу талош хоҳам дошт. Дастагулҳое, ки бароям муборакбодӣ фиристодед, рӯи манзили модарам ҳадя бурдам ва ба модарам савганди фарзандию қавл додам. Дар роҳи амалишавии ин савганди фарзандӣ садоқату матонат, ҷасорату иродатам нисоратон бод".

Ширин Амонзода, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъини ӯ ба мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон истиқболи гарм шуд, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикитон ва таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ озодона суҳбат мекуад. Чанд сол пеш то омадан ба Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мақомҳои гуногуне кор кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.