расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Шералӣ Кабир раиси Талко боқӣ мемонад

. / Иқтисодиёт

Шералӣ Кабир раиси Талко боқӣ мемонад

Чунин тавофуқ дар сатҳи расмӣ ҳосил шудааст

Шералӣ Кабир
Шералӣ Кабир, ки дирӯз дар кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони вазири саноат ва технологияҳои нав муаррифӣ шуд, дар мақоми пешини худ – раиси Шӯрои мудирони Ширкати Алюминийи Тоҷик боқӣ мемонад. Дар ин бора яке аз манбаъҳои наздик ба Талко ба “Азия-Плюс” ба шарти набурдани номаш иттилоъ дод.
Аммо Игор Сатторов, сухангӯйи ин ширкат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо дар бораи ин ҳеч иттилое надоранд. “Таъин шудани раиси Шӯрои мудирони Ширкат ба вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нав барои мо ғайриинтизор буд. Ҳоло мо ҳеч иттилое надорем, ки раиси Шӯронав мешавад ё не”.
Аммо манбаи мо мегӯяд, ки дар сатҳи раҳбарии сиёсӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки Шералӣ Кабир ҳарду мақомро мудирият мекунанд, шояд дар оянда кадом тағйироте шавад, вале ҳоло ҳамин гуна тавофуқ сурат гирифтааст, мегӯяд манбаи мо.
Шералӣ Кабир яке аз чеҳраҳои маъруф дар доираҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон аст, ки бештар ҳамчун нафари наздик ба нухбагони сиёсии радаи аввали Тоҷикистон шинохта мешавад.
Шералӣ Кабир аз соли 2005 дар Ширкати алюминийи Тоҷик дар мансабҳои гуногун ва аз соли 2015 ба ин сӯ раиси Шӯрои мудирони ин ширкат аст.
Ширкати Талко яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсол ва коркади алюминий дар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад, ки дар ин авохир низ зерсохторҳои зиёде таъсис кард. Ин ширкат  аз солҳои 2000 ба ин сӯ мавриди баҳсҳои гуногуне дар дохил ва дар хориҷи Тоҷикистон қарор дорад.
Дар пайи баҳсҳои зиёд Тоҷикистон ин ширкатро моликияти истисноии давлат эълон кард, ки фурӯхта намешавад. Вале соли гузашта хабарҳое расонаӣ шуд, ки Чин мехоҳад дар ин ширкат шарик шавад ё онро бихарад. Миёни Ширкати Алюминийи тоҷик ва China Machinery Engineering Corporation як қарордоди 545 миллионӣ баста шуд.
Аммо Ширкати Алюминийи тоҷик дар солҳои ахир истеҳсоли алюминийро ба маротиб кам кард, ки раҳбарии ин ширкат далели онро ба омилҳои гуногуне ҳамеша рабт додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.