Нооромии Фаронса

Ҳудуди 50 нафар, ки бештари онон неруҳои полис буданд дар даргирӣ ва нооромиҳои шаҳри «Тулуз»- Фаронса захмӣ шуданд. Тазоҳуроти «Ҷалиқазардҳо» шаби гузашта дар ин шаҳр ба хушунат гароид ва ба задухӯрд бо неруҳои полис табдил шуд.
Бинобар гузориши шабакаи Russiatoday, дар идомаи эътирозҳо дар Фаронса ба афзоиши баҳои сӯхт ва молиётҳо, ки нооромиҳои ношӣ аз он аз чанд ҳафта пеш саросари ин кишварро фаро гирифтааст, мақомоти шаҳри Тулуз рӯзи якшанбе эълом карданд, ки 57 нафар аз ҷумла 48 неруи полис дар ҷараёни даргириҳои шанбе захмӣ шуданд ва панҷ нафар аз неруҳои полис ҳам бистарӣ шуданд.
Дар баёнияи полис омадааст, ки шонздаҳ нафар аз ин афрод дар пайи ошуб ва чаҳор нафари дигар ҳам ба ғорати фурӯшгоҳҳо муттаҳам шудаанд. Тасовири пахш шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки мӯътаризон суратҳои худро пӯшонда буданд ва дар хиёбонҳои шаҳр иқдом ба оташ кашидани ашё карданд. Неруҳои полис ҳам бо истифода аз гази ашкзо ба онҳо вокуниш нишон доданд.
Тазоҳуротҳои эътирозӣ дар Фаронса аз ҳабдаҳуми ноябр оғоз шудааст. Ронандагон ва шуморе аз иттиҳодияҳои тиҷорӣ ва аҳзоби сиёсӣ аз авомили муҳаррик барои оғоз мавҷи эътирозҳо дар ин кишвар буданд. Шумори афроде, ки кушта шудаанд ба се нафар расидааст.
Рӯзи шанбе ҳам Париж шоҳиди нооромиҳои густурда буд, ба тавре ки тазоҳуроткунандагон ва неруҳои полис бо ҳам даргир шуданд ва полис аз гази ашковар ва мошини обпош истифода кард.
Бо ин ҳол «Макрон» раисҷумҳури Фаронса бар сиёсатҳои маврид назари худ пофишорӣ дорад. Вай шаб дар суханоне дар нишасти гурӯҳ 20 дар Аргентина, ба идомаи эътирозот ва даргириҳо дар кишвараш, ки ҳамчунон идома дорад, ишора кард ва гуфт: Даргириҳо ва хушунатҳои Париж ғайри қобил қабул аст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон