Хатар Осиёи Марказиро таҳдид мекунад

Бар асоси таҳқиқоти маркази Ҷеймзтон, хатари рушди ифротгароӣ ва терроризм дар Осиёи Марказӣ бо бозгашти теъдоде аз террористҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Ироқ ва Сурия ба ин кишвар ҷиддӣ аст.

Аз онҷо, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ хостгоҳи гурӯҳҳои ифротии маъруф аст, бозгашти террористҳо аз Ховари Миёна метавонад амнияти ин кишварҳоро ба хатар биандозад.

Дар идомаи гузориши маркази Ҷеймзтон бо ишора ба вуруди бархе аъзои ин гурӯҳҳои ифротӣ ба Тоҷикистон дар як соли гузашта ва вуқуи ҳамалоте дар ин кишвар омадааст: Тағйири таваҷҷуҳи нерӯҳои террористии ДИИШ аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон, афзоиши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ва саркуб мудовими ҳукуматҳои иқтидоргаро боиси ноамнӣ дар Осиёи Марказӣ шудааст.

Аз авоили 2017 бо афзоиши ҳузури террористҳо дар Осиёи Марказӣ нигаронии Русия музоаф шудааст.

Мақомоти рус дар июни 2017 бо ишора ба вазъияти рӯ ба вихомати амният дар Афғонистон эълом карданд, ки амният дар пойгоҳҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро тақвият хоҳанд кард.

Ҳамалоти моҳи июл ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон намунае аз таҳдиди ДИИШ дар Осиёи Марказӣ аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон