Эътирози мардум ақибнишинии давлат

Нахуствазири Фаронса чаҳоршанбешаб эълом кард, ки давлати ин кишвар, ки қаблан афзоиши молиёт бар сӯхтро барои 6 моҳ муаллақ карда буд ин тарҳро ба таври комил канор гузоштааст.

Пеш аз ин нахуствазири Фаронса сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни як конфронси хабарӣ аз таълиқи 6 моҳаи ин тарҳ ба далели густариши эътирозҳои саросари хабар дода буд.
Бо вуҷуди ин, ин тасмими давлати Франса тағйире дар вазъияти ноороми Фаронса эҷод накард. Филип чаҳоршанбешаб дар суханоне дар парлумони Фаронса гуфт, ки ин тарҳ ба таври комил канор гузошта шудааст.
Тибқи гузориш хабаргузории Фаронса, вай гуфт: «Давлат омодаи гуфтугӯ аст ва инро дар амал нишон медиҳад, чун ин тарҳи афзоиши молиёт аз лоиҳаи будҷаи 2019 канор гузошта шудааст.»
Тазоҳуротҳо дар Франса аз ҳудуди 20 рӯз пеш дар эътироз ба тасмими давлати ин кишвар барои эъмоли таърифаи илова бар сӯхти моеъ оғоз шуд, аммо баъд аз он ба афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ ва дар кулли сиёсатҳои иқтисодии давлати «Макрон», раисҷумҳури Фаронса густариш ёфт.
Иқдоми чаҳоршанбешаб дувумин ақибнишинии Макрон дар баробари тазоҳуроти мӯътаризони ҷунбиши «Ҷалиқазардҳо» аст. Ӯ то чанд рӯз пеш исрор дошт афзоиши молиёт бар сӯхт барои муқобила бо тағйирот зарурӣ аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон