ҒОРАТИ ҚИМОРХОНА ДАР 40 СОНИЯ ВА БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК (ВИДЕО)

Дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон аз 29 ноябр то 1 декабр якбора се ширкати букмекериро ғорат карданд. Ғанимати ғоратгарони мусаллаҳ як миллион тенге (баробари қариб 2700 доллар)-ро ташкил додааст. Яке аз ин ҳамлаҳои ғоратгарон дар ноҳияи Жетису ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст. Дар видео дида мешавад, ки ду ҷавони дар рӯяшон ниқоби тиббӣ вориди ширкати букмекерӣ мешаванд ва яке мардумро бо таппонча метарсонаду дуюмӣ хазинаро холӣ мекунад. Ин ҳамла ҳамагӣ 40 сония тӯл мекашад. Пулиси Қазоқистон гуфт, ғоратгарон 4 нафаранд ва дуи онҳо – зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон, соли таваллудашон 1991 ва 1995, ҳангоми фирор аз Қазоқистон дар марз дастгир шудаанд.

Бино ба гузоришихабаргузории Tengrinews.kz, аз 29 декабр то 1 декабр, дар байни ҳамагӣ ду рӯз дар шаҳри Алма-Ато се ширкати букмекериро ғорат кардаанд.

Ҳамлаи ғоратгарон дар ноҳияи Жетису ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст ва дида мешавад, ки ҳамла ба ин ширкат ҳамагӣ 40 сонияро дар бар гирифтааст. Дар видео дида мешавад, ки ду ҷавони дар рӯяшон ниқобҳои тиббӣ бо шаст вориди дафтари ширкати букмекерӣ мешаванд ва яке мили таппончаашро ба тарафи мардум рост мекунаду дар ин ҳангом дуюмӣ ба ҷои хазинадор даромада, хазинаи ширкатро холӣ мекунад.

Салтанат Азирбек, намояндаи расмии департаменти пулиси Алма-Ато гуфт, шаби 29 ба 30 декабр ғоратгарон аввал як ширкати букмекерӣ дар ноҳияи Бӯстондиқ ва рӯзи 30 ноябр ширкати дигар дар Жетисуро ғорат карда, рӯзи 1 декабр бо айни шева хазинаи як ширкати букмекериро дар ноҳияи Медеу холӣ кардаанд. Ҷамъи умумии маблағҳои ғоратшуда аз ин се ширкат як миллион тенге (баробари қариб 2700 доллар)-ро ташкил додааст.

Пулис гуфт, ин ҷиноят ошкор карда шудааст: "Изи ҷиноят ҳанӯз гарм буд, ки ду шаҳрванди Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1991 ва 1995 дастгир шуданд. Шаҳрванди Ӯзбекистонро дар Шимкент, дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ замоне дастгир карданд, ки мехост ба Ӯзбекистон гурезад. Шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қордай бо Қирғизистон низ ҳангоми кӯшиши фирор аз қаламрави Қазоқистон боздошт шуд.”

Пулис мегӯяд, ғоратгарон дар умум чор нафар буданд ва бо як мошини тамғаи "Лада” ҳаракат мекарданд. Мошинро алакай пайдо ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд. Шахсияти ду ғоратгари боқимонда, ки фирор кардаанд, низ алакай муайян карда шудааст ва ҳардуро таҳти кофтукоб қарор додаанд.

Дар робита ин мавридҳои ғоратгарӣ бар асоси моддаи 192-юми Кодекси ҷиноятии Қазоқистон (ҳамлаи ғоратгарона) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ғоратгарон бар асоси ин банди қонун то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон