расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОЗ ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НУРОБОД

. / Ҳаводис

БОЗ ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НУРОБОД

ӯзи 25 август, бар асари дар ҳудуди ҷамоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ба ҷарии умқаш 100 метр чаппа шудани мошини тамғаи "Ҳундай Портер” ронандаи ин мошин – сокини 52-солаи ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, мусофираш – сокини 32-солаи Истаравшан ҷароҳат бардоштааст.
Рӯзи 23 август дар як садамаи дигар дар Нуробод 5 нафар ҷон бохта буданд.
Роҳҳои Тоҷикистон, ба хусус роҳҳои кӯҳистонаш, роҳҳои аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Бино ба омори ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли равон бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар ҳалок шуда, тақрибан 540 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи ба ҷарӣ чаппа шудани автомашина
Рӯзи 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Портер”, Маҳмадиев Бегиҷон Исмоилович, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба тарафи ноҳияи Тоҷикобод дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада автомашинаро ба ҷарии 100 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи мазкур Маҳмадиев Б.И. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дар дохили автомашина буда, Ризоқулов Шералӣ Урунбоевич, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ДЕҲИ ШОҲ: ПАНҶ НАФАР ҲАЛОК ШУДАНД, ФАҚАТ ЯК КӮДАК ЗИНДА МОНД...

Боздошти ҷавони 20-сола барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чилучорчашмаи ноҳияи Н.Хусрав муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи бӯғӣ кардан ошкоро аз дасташ 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи "Нокиа”, "Редми-7” ва аз дохили ҳамёнаш маблағи пулиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавонзани 20-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми августи соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ҷузвдони занона, ки дар дохилаш 16 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг С-9” буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28, 29-солаи сокинони пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, моҳи октябри соли 2019 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 68-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 7-уми июли соли 2020, тахминан соати 14:00, дар ҳудуди бозори «Афросиёб»-и шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 55 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.