Нозирон ронандаро зада куштанд

Наздикони Баҳром Асадуллоев, сокини 53-солаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон мегӯянд, нозирони роҳи ноҳияи Намангон ӯро то дами марг латтукӯб карданд.

Ба гуфтаи онҳо, нозирони роҳ шаби 27 ноябр Асадуллоевро, ки мошини мусофиркашиеро меронд, амр кардаанд, боз истад. Вале ӯ итоат накардааст. Дар натиҷа нозирон ӯро таъқиб ва боздошт карда, то дами марг зери мушту лагад қарор додаанд.

Дар ташхиси аввалияи тиббӣ сабаби марги ронанда сактаи дил гуфта шудааст. Вале пайвандонаш пас аз дидани захмҳо дар ҷасад, тафтиш ва ташхиси дубораро талаб карданд.

«Намедонам, чаро бародари ман наистодааст. Ӯ наменӯшид. Шоҳидон мегӯянд, нозирони роҳ ӯро таъқиб, боздошт ва латтукӯб карда, ба шуъбаи пулис бурданд. Вайро ба андозае сахт задаанд, ки дар роҳ ба беморхона ҷон додааст. Дар қафаси сина, дасту пойҳояш осори латтукӯб дида мешуд», — гуфт бародари Асадуллоев – Ҷамолиддин.

Яке аз наздикони Асадуллоев — Ғуломҷон Мамадҷонов мегӯяд, пайвандони Баҳром ҳангоми дафн ба намояндаи додситонӣ, ки онҷо ҳузур дошт, гуфтаанд, дар ҷасад осори латтукӯб дида мешавад. «Дафни ҷасадро ду соат ба таъхир гузошта, мутахассисонро даъват карданд. Гуруҳи ташхисгарон аз ноҳияи Поп омада, ҷасадро дубора аз назар гузаронданд ва сипас мо ӯро ба хок супоридем», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Натиҷаҳои ташхиси дубора, дар ҳоли ҳозир, маълум нестанд. Ба гуфтаи сардори нозирони роҳи Поп Алиҷон Валиҷонов, дар робита ба ин қазия тафтишоти дохилӣ оғоз шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон