Амур: сӯхтор ба марги 4 кас боис гардид

Дар яке аз хонаҳои истиқоматии вилояти Амури Федератсияи Россия сӯхтор сар зад.

Бар асари ҳодиса 4 нафар ба ҳалок расид. Тибқи маълумоти мавҷуда, оташсӯзӣ дар бинои дуошёна ба амал омада, дуди ғализи он дар як муддати кӯтоҳ тамоми биноро фаро печид. Дар макони ҳодиса барои хомӯш намудани алангаи сӯхтор кормандони Хадамоти оташнишонӣ бо истифода аз техникаи махсус фаъолият бурданд. Миёни фавтидагон як кӯдак низ мебошад. Вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишот ба роҳ монда шуда, сабабҳои оташсӯзӣ муайян карда мешавад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон