расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хатлон ҳам нақшаи даъвати сарбозонро иҷро кард

. / Ҷомеа

Хатлон ҳам нақшаи даъвати сарбозонро иҷро кард

То кунун ВМКБ, Душанбе ва бархе шаҳру ноҳияҳои дигар нақшаро иҷро кардаанд


Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар додааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят пурра иҷро шудааст. Маркази матбуотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз қавли роҳбарияти комиссариати ҳарбии вилоят навиштааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят рӯзи 31 октябр 100,1 фоиз иҷро шудааст.
“Ҷавонони даъвашуда ба ҷузъу томҳои низомӣ тақсим шудаву қисме, ки давраи таълимии омодагии сарбози ҷавонро гузаштаанд, савганди ҳарби ёд карданд” – овардааст, манбаъ.
Ба гуфтаи ин манбаъ шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон, Темурмалик нақшаи баҳории даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр иҷро карда буданд.
Бояд гуфт, ки даъвати тирамоҳӣ ба қавли масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъватии назди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо дар қиёс ба давраҳои даъватии солҳои пеш бе мушкил анҷом ёфт. Ба гуфтаи онҳо имсол сафи ҷавонони хоҳишманд ба хизмат хеле зиёд шудааст.
Имсол ВМКБ дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои 103 %-и нақша ва баъди чанд рӯз гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт низ аз иҷрои он хабар доданд.
Бино ба маълумоти Вазорати дифоъ шаҳри Душанбе низ дар даҳаи аввали имсолаи даъвати сарбозон нақшаро комилан иҷро кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.