расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мард ки беномус шуд.

. / Ҷомеа

Мард ки беномус шуд.


зану фарзандашро мепартояд! Имрӯзҳо аз садою симо ва расонаҳои хабарӣ бонги изтироб мезананд, ки дар Тоҷикистон вайрон гаштани оилаҳо рӯз то рӯз афзоиш меёбаду гунаҳгори асосии пош хӯрдани оилаҳоро меҷӯянд. Мушкилот дар чист, ки ҳар сол оилаҳои зиёде парешон гашта, тифлакон ятим ва аз оғӯши гарми падар ё модар дур мемонанд? Омилҳои вайронии оилаҳоро ҳар кас ба тариқи хеш маънидод месозад, бархе занонро дар бетоқатию беҳунарӣ ва надонистани маърифати оиладорӣ айбдор мекунанду қисми дигар мардонро ноӯҳдабарою бевафо мехонанд. Шахсоне, ки калонсолонро ҳам дар парешон сохтани оилаҳои ҷавон айбдор медонанд, кам нестанд. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъалаи доғи рӯз тасмим гирифтем, ки пурсиш посухе омода намоем, то фарогири ин мавзӯъ бошад. Калонсолон гунаҳгоранд -Вайрон шудани оила бадбахтӣ ва фоҷиа аст, зеро он дар пайи худ мушкилоти зиёди дигареро ба бор меорад. Дар пош хӯрдани оилаҳо ва ятиму бепарастор мондани кӯдакон калонсолони оиларо гунаҳгор меҳисобам, зеро онҳо ба фарзандони худ фарҳанги оиладории суннатии тоҷиконро, ки таърихи қадима дорад, намеомӯзанд. Ҷавононро ба зиндагии оилавӣ тайёр намудан вазифаи асосии падару модар аст. Дар даврони пеш талоқ дар байни мардум хеле кам ба назар мерасид, чунки калонсолон бо панду андарз ҳамеша дар зеҳни ҷавонон ҷо мекарданд, ки оила муқаддас асту онро ҳамеша аз ноободӣ ва ғаму ғусса ҳифз намудан лозим аст. Ҳоло чӣ? Худо накунаду арӯсаки нав ба хонадони онҳо қадам монда айбе дошта бошад, ягона роҳи ҳалли ин ҷурмро дар талоқ мебинанд. Хушдоманҳои пештара мефаҳмиданд, ки арӯсаки бечора аз оғӯши гарми модару сояи меҳри падар яку якбора ба хонаи бегона афтидаасту бояд ба ин муҳит омӯхта шавад. Ҳаддал имкон зиндагии рӯзмарраи оилаи шавҳарро бояд омӯзад ва ба ӯ бо меҳрубонӣ роҳу равиши корро меомӯхтанд. Ҳоло чӣ? Аз рӯйи мушоҳидаҳоям дар зиндагӣ модарони зиёдеро вохӯрдаам, ки ба писарашон фармон медиҳанд, талоқаш кун, бароят зани аз ин ҳам беҳтар меёбам! Ин айб нест? Шояд ин тоифа модарон барои писарашон зани беҳтарин ёбанд, аммо бахти шикастаи духтараки бечораро кӣ ҷуброн мекунад? Барои ҳамин ҳам, бояд калонсолони оила пеш аз хостгорӣ намудани духтараке дуруст андешида, баъд қадам ба остонаи духтардор монанд. Пас аз тӯй барои гуноҳи ночизе оилаи навсохти фарзандашонро вайрон карда, ҷавононро аз ҳаёт дилсард насозанд. Дар ривояте омадааст, ки вақте одам ба забонаш калимаи талоқро мегирад, замину замон ба ларза меояд. Пас пеш аз ба забон овардани ин калимаи наҳс андеша бояд кард, бародарони азиз!- мегӯяд Бибианори Шарифзода, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Ховалинг. Айби занҳост -Дар ин замонаи мушкиле, ки мо умр ба сар мебарем, ёфтани як пора нон хеле мушкил шудааст. Хусусан мардон, ки ризқрасони оилаанд ҳангоми аз ӯҳдаи вазифаи азалии худ - таъмини оила набаромадан, зиёд асабӣ гашта, дағалу ҷанҷолӣ мешаванд. Дар ин ҳолатҳо занон бояд сабуриро пеша намоянд, то оилаҳо вайрон нашаванд. Имрӯзҳо 99-фисади мардони мо дар мусофират пайи ёфтани як луқма заҳмат мекашанд, аммо аксари занон ба ҷойи сарфаю сариштакорӣ пули бо меҳнати сиёҳ ёфтаи шавҳаронашонро беҳуда ба бод медиҳанд. Ба қарибӣ як шиносам, ки оилаи ободу се фарзанд дошт, занашро талоқ дода, тарки ватан кард. Ҳамсараш бо дидаи гирён назди пирони деҳа рафта, илтиҷо намудааст, ки шавҳарашро аз роҳ гардонанд, аммо марди аз ғур-ғуру қавоқҳои гирифтаи занак безор ғарибию оворагиро афзалтар шуморидааст.Хонумҳои азиз бояд донанд, ки барои мард беҳтарин оромишгоҳ хона ва назди зану фарзанди азизаш мебошад. Чун ҳавои хона абрию қошу қавоқи зан ҳамеша гирифта бошад, мард албатта ҷое мекобад, ки офтобӣ бошаду рӯшанияш диҳад. Шайх Саъдиии Шерозӣ фармудааст: Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ, Ки дар хона бинӣ ба абрӯ гиреҳ! Аз ин гуфтаҳои пурҳикмат бармеояд, ки барои мард зиндонӣ будан беҳтар аст аз он ки ҳар рӯз дар хона ҷангу ҷанҷол бошаду гиреҳи абрӯвони занаш баста. Зан бояд серталаб набошаду ба он чизе, ки марди хонадонаш меёбад, қаноат карда, зиндагиашро пеш барад. Боз хубтар мебуд, ки бонуи хонадон низ соҳибкасб бошаду баробари ҳамсараш бори зиндагӣ кашида, дар бой гаштани буҷҷаи оила саҳм гузорад. Агар зан камталабу шикастанафс бошад, мард ба ҷое мерасад, вагарна вой бар ҳоли марду ҳаёташ. Дар тӯли зиндагӣ ҳодисаҳои зиёдеро дидаам, ки оилаҳои обод маҳз аз бесабрию чизпарастии бонувон вайрон гаштаанд- андеше дорад Нусратулло Раҳмонов, омӯзгори собиқадор, сокини ноҳияи Восеъ. Мардон ҳам бегуноҳ нестанд! -Худованд ҳеҷ оиларо вайрону зани бечораро саргардон ва таънасори дӯсту душман нагардонад. Имрӯз ба тарзи зиндагии мардуми тоҷик нигариста, дилам хун мешавад. Аксари фарзандони мо бе падар ба воя мерасанд, зеро мардони мо дур аз ватан барои аҳли аёлашон нону об меҷӯянд. Як қисми бародарони мо ба хотири фарзандону ояндаи онҳо тайёранд сиёҳтарин корро ба анҷом расонида, ба ватан маблағ ирсол намоянд, аммо бархе аз онҳо зиндагии орому кайфу сафо бо занҳои бегонаро аз вазифаи муқаддаси падарӣ боло мегузоранд. Онҳо дар оғӯши кампири бадмасти русе хобида, ҳатто ба хотир овардан намехоҳанд, ки ватан, модару падар ва зану фарзанд доранд. Ана ҳамин тавр аз бенангии баъзе аз мардони тоҷик оилаҳо вайрону тифлакон саргардон мешаванд. Бар дӯши зани муштипари бечора кори хона, кори замин, тарбияи фарзанд хеле гарон аст ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки як зан қуввати кашидани ин борро надорад. Аз ҳамин ҷост, ки фарзандон бетарбия ба воя расида, ҷиноят дар байни ноболиғон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар дафтари аъмоли ноболиғони авбошу бетарбияро варақ занем, онҳо ҳамагӣ аз оилаҳои носолиманд, чун солимии миллат аз солимии ҳар як оила ва ободии ватан аз ободии ҳар як хона сар мешуда бошад, пас бояд мо пешгирии ҳар як ҳодисаро аз оилаи худамон оғоз бахшем,- мегӯяд Рухшонаи Самеъ, ҳамшираи шафқат, сокини ноҳияи Сино. Гӯши маслиҳатшунав-кӯ?! Дар урфият мегӯянд, ки «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд», боз мегӯянд, ки « ҳафт бор чен куну як бор бур», ин ҳикматҳои халқӣ бесос набуда, балки бо мурури замон аз таҷрибаи ҳаётии ҳазорон одамон ҳосил шудааст. Ман барои чӣ суханро аз мақолҳои халқӣ дар бораи маслиҳат оғоз намудам, зеро ки ҷавонони имрӯз гӯши насиҳатшунав надоранд ва худро аз ҳама доно гирифта, ба маслиҳати калонсолон гӯш намедиҳанд, ҳатто маслиҳат намепурсанд. Барои бо маслиҳату машварат анҷом додани ҳар кор пешакӣ онро ба нақша гирифтан, буду нобудашро ҳаматарафа мулоҳиза кардан лозим аст. Дар ин кор ақлу идроки як кас асло комил ва ба тамом пурра нест. Ман барои хушдомани раҳматиям келини ягона будам, вай шавҳарашро дар ҷанги бузурги ватанӣ гум карда буду нишонаи ӯ писаракашро пешпои пияндар накарда, танҳо ба воя расонида буд. Ҳарчанд хушдоманам маро хеле эрка мекард, вале ман бе маслиҳати ӯ қадам намегузоштам, аммо имрӯз ин тавр нест. Келинҳо табъи дили худашон кор мекунанду чун байни зану шавҳар ҷанҷол шуд ва кор то оилавайронӣ расид, баъд хусуру хушдоманро қозӣ мекунанд. Пеш аз носозию ҷанҷол, ки бо калонтарҳо маслиҳат кардед, зиндагӣ рангу бӯйи тоза мегираду бо баракат мешавад, бачаҷонҳо. Охир, ягон падару модар ба ҷигарбандаш бадӣ намехоҳад, орзуи ягонаи волидон дар сояи давлати фарзандон осуда давлати пирӣ рондан аст,- иброз дошт Тоҷинисо Давлатова, нафақахӯр, сокини деҳаи Наврӯз, ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.