Боздошти момодоя бо пора

Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон момодояеро боздошт карданд, ки барои исқоти ғайриқонунии ҳамл пора гирифтааст.

«Дар як амалиёти мақомоти интизомӣ момодояе боздошт шуд, ки барои исқоти ғайриқонунии ҳамл наздики 170 доллар пора гирифтааст», — хабар доданд расонаҳо бо такя ба Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Табиб бо вуҷуди донистани он ки шаҳрванд дар ҳафтаи 16-уми ҳомиладорӣ қарор дорад, ҳамли ӯро исқот кардааст. Тибқи муқаррароти тиббии Ӯзбекистон, баъд аз ҳафтаи 12-уми ҳомиладорӣ анҷом додани исқоти ҳамл мумкин нест.

Мақомоти интизомӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот анҷом медиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон