МУНОҚИШАИ НАВ ДАР МАРЗИ ВОРУХ БО ҚИРҒИЗИСТОН (4 АКС)

Шоми 12 сентябр дар марзи ҷамоати Ворух, ки аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон ҷойгир шудааст, бар сари заминҳои баҳсӣ муноқишаи нав бархостааст. Ҷониби Қирғизистон монеи сохтани чоҳ (скважина)-и нав дар минтақаи "Посёлка”-и ҷамоати Ворух шуда, ба гуфтаи сокинон, роҳи Ворух бо Хоҷаи Аълоро баста, ба марзи ин ҷамоат тавассути ду ҳавопаймо нирӯҳои иловагӣ партофтааст.

Сокинони Ворух ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки шоми 12 сентябр аҳолии минтақаҳои марзии Қирғизистон ва марзбонони он кишвар монеи сохтани чоҳ (скважина)-и нав дар минтақаи "Посёлка”-и Ворух шуданд. Марзбонони қирғиз гуфтаанд, минтақае, ки сокинони Ворух мехоҳанд дар он чоҳ бикананд, қаламрави Қирғизистон аст.

Ба гуфтаи сокинон, дар пайи муноқиша бар сари чоҳ ҷониби Қирғизистон ба марз бо Ворух тавассути ду ҳавопаймо нирӯҳои иловагӣ оварда, роҳи Ворух – Хоҷаи Аъло, танҳо роҳи иртибототӣ байни ин анклав (ҷазирақаламрав) то марзи Тоҷикистонро бастаанд.

Ҷониби Тоҷикистон низ ба маҳалли ҳодиса нирӯи иловагӣ фиристода, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони "Ахбор”, раиси шаҳри Исфара низ барои ҳалли қазия ба Ворух омадааст.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо бармехезанд.

Бо гузашти қариб 27 сол аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни ин ду кишвар то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар байни минтақаҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Шоми 4 июн марзбонони Қирғизистон 3 марзбони тоҷикро бо 4 автомати Калашников дар як қитъаи мавсум ба "Майдони футбол” дар марзи байни деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ва ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон дастгир карданд. Дар интернет видеое нашр шуд, ки бадрафтории ҷониби Қирғизистон нисбат ба ин сарбозони асирафтодаро нишон медод.

Баъди чанде мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки он се сарбозро ҷазо додаанд, чунки онҳо набояд худро бо силоҳҳояшон таслим мекарданд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, "Майдони футбол” қаламрави Тоҷикистон буд ва сарбозон бояд аз он дифоъ мекарданд.

Рӯзи 20 июл марзбонони тоҷик дар пайи муноқишаи навбатӣ ду марзбон ва як ҷангалбони қирғизро дар марз бо Ворух дастгир карданд. Онҳоро баъди чанд соат дар пайи музокироти мақомоти марзбонии ду кишвар раҳо карданд.

Ҷамоати Ворух бо беш аз 30 ҳазор аҳолӣ аз доғтарин нуқот дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст. Ин ҷамоат анклав (ҷазирақаламрав) буда, аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст ва танҳо як роҳи мошингард Ворухро бо Хоҷаи Аъло – наздиктарин минтақаи аҳолинишин дар марзи Тоҷикистон мепайвандад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон