ИСТИҚБОЛИ САРДИ ҶОНИБИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ НАХУСТИН АВТОБУСИ ПАНҶАКЕНТ – САМАРҚАНД (9 АКС)

Мусофироне, ки рӯзи 8 сентябр бо аввалин сафари техникии автобуси хатсайри байни Панҷакент – Самарқанди ширкати AsianExpress сафар карданд, гирифтори мушкилӣ ва сарсону саргардон шуданд. Автобусро дар Самарқанд на касе пешвоз гирифту на роҳнамоӣ кард. Мусофирон аз Самарқанд ҳатто маҷбур шуданд бо таксиҳо ба Панҷакент баргарданд, чунки автобус баъди чунин муносибати сард дигар онҳоро наовард...

Субҳи санаи 8-уми сентябр, дар ҳоле, ки рӯзҳои фарҳангии Самарқанд дар вилояти Суғд ботантана таҷлил мегардиду намояндагони вилояти ҳамсояро намояндагони ҳукумати шаҳри Панҷакент аз гузаргоҳи Саразм тантанавор пешвозу ба Хуҷанд гусел каруданд, меҳмонон аз Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд гирифтори мушкилӣ шуданд. Соати 10-и ҳамин рӯз аввалин хатсайри Панҷакент – Самарқанд бо шукӯҳ оғоз ёфт ва 40 нафар мусофирон тариқи ин хатсайр зери садои карнайу доира, бо автобуси ширкати AsianExpress ба Самарқанд фиристода шуданд. Аммо касе шояд намедонист, ки ин хатсайри техникӣ ё санҷишӣ, гирифтори мушкилӣ ва боиси асабонияту сарсонии мусофирону кормандони ширкати AsianExpress мешвад.

Мусофирон ва кормандони шикати AsianExpress, ки дар хатсайри мазкур ҳаракат карданд, мегӯянд, ки дар аввал дар гузаргоҳи Ҷартеппа онҳоро зиёд манъ намудаву аз онҳо барои кадом чизе маблағ талаб намудаанд ва пасон баъди гуфтугузорҳо эшонро ҷавоб додаанд. Пас аз гузаштан аз сарҳад, ягон намояндаи шаҳри Самарқанд меҳмонони тоҷикистониро дар он сӯи марз пешвоз нагирифтаанд ва онҳо намедонистанд, ки ҷои таваққуфашон куҷосту ба кадом вокзал бояд истанд.

Сипас кормандони шикати AsianExpress ба намояндаи кадом як ширкати самарқандие, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ доштаанд, дар тамос мешаванд, аммо онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки дар куҷое банд ҳастанду баъдтар ба наздашон хоҳанд омад.

Кормандони шикати AsianExpress ба нишони эътироз дигар намехоҳанд ба шаҳри Панҷакент боз гарданд ва ба мусофирон мегӯянд мо тариқи Тошкент ба шаҳри Хуҷанд меравем, узри бисёр ба мусофирони панҷакентӣ роҳи сафед!

Ҳудуди 12 нафар мусофироне, ки аз Панҷакент омада буданд бо шумули 8 нафар намояндагони ҳукумати шаҳри Панҷакент аз автобус пиёда мешаванд ва бо таксиҳои роҳ ба Панҷакент мераванд.

Мусофирон мегӯянд чаро чунин ҳолат пеш омад? Чаро моро касе пешвоз нагирифт? Чаро аз намояндагони ширкати AsianExpress дар марзи Ӯзбекистон маблағ талаб намуданд. Дар ҳоле, ки созишнома байни ду ҳукумат барои кушодани хатсайрҳо мавҷуд аст. Дар ҳоле, ки мо меҳмонони ҳамсоякишварро бо як эҳтиром пешвоз мегирем. Кӣ ва чаро аз кушодашавии ин хатсайр норизо аст?

Сокинони Панҷакент мегӯянд, аз рӯи мушоҳидаҳо фаъолияти кормандони гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа хеле суст буда, мардумро барои мунтазир шудан водор месозанд. Аз ин ҷост, ки бегоҳи ҳамон рӯз даҳҳо нақлиёт дар ин гузаргоҳ банд монда буданд. Чаро ин мушкил дар гузаргоҳи Саразм аз ҷониби Тоҷикистон пайдо намешаваду ҳамеша сарҳадбонони ӯзбек монеъи тез гузаштан аз марз мешаванд – мегӯянд мусофирон.

Чанд сокини Ӯзбекистон низ дар як сӯҳбат ба Ахбор гуфта буданд, ки ҳама постҳоро бе мушкилӣ мегузарем, вале дар гузаргоҳи худамон, яъне Ӯзбекистон моро муддати тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, яъне санаи 8-уми сентябр, хатсайри Душанбе – Тирмиз ҳам тариқи автобуси ширкати AsianExpress ба фаъолият оғоз намудааст. Ба гуфтаи кормандони ширкати AsianExpress, онҳоро дар масири Тирмиз хеле хуб пешвоз гирифтаанд.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон