ВИДЕО: ЗАНИ ӮЗБЕК ДАР ДАРУНИ ҶОМАДОН МЕХОСТ ВОРИДИ ТУРКИЯ ШАВАД

Як зани 27-солаи шаҳрванди Ӯзбекистонро рӯзи 1 сентябр дар марзи Гурҷистон бо Туркия аз даруни ҷомадон пайдо карданд. Ф.Т., ки барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Туркия маҳрум шуда буд, мехост бо чунин тариқ дигарбора вориди он кишвар шавад. Як ҷавони 24-солаи гурҷӣ розӣ шудааст, ки ба ин зан кумак расонад ва ӯро дар дохили ҷомадонаш пинҳон кардааст.

Ин зан рӯзи 1 сентябр дар гузаргоҳи "Сарп” дар марзи Гурҷистон бо Туркия дастгир шудааст. Бино ба гузориши расонаҳои Туркия, рафтори шаҳрванди 24-солаи Гурҷистон Г.П. ва ҷомадони бузурги ӯ шубҳаи марзбонони туркро барангехт ва онҳо аз ин ҷавон талаб карданд, ки ҷомадонашро бикушояд.

Аммо он чӣ, аниқтараш он кӣ, ки аз даруни ҷомадони Г.П. ёфт шуд, сабаби ангушти ҳайрат газидани марзбонони турки "гурги борондида” гардид. Онҳо аз даруни ҷомадон ... шаҳрванди 27-солаи Ӯзбекистон Ф.Т.-ро, ки кулӯла зада, дар дохили он хобида буд, берун оварданд.

Ҳангоми бозпурсӣ дар пулис маълум шуд, ки ин ҷавонзан барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Туркия маҳрум гардида, ба ин далел мехост, марзро бо чунин шеваи ғайриоддӣ ва ғайриқонунӣ убур кунад. Пулиси Туркия ҳам ҷавон ва ҳам ҷавонзанро ба ҳабс гирифта, ба зидди ҳарду парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар як соли охир ин алакай кӯшиши сеюми дар даруни ҷомадон гузарондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳамин гузаргоҳи "Сарп” дар марзи Гурҷистон бо Туркия будааст. Моҳи майи соли 2017 як зани шаҳрванди Русия бо чунин шева мехост аз Туркия ба Гурҷистон убур кунад. Моҳи декабри соли 2017 дар ин гузаргоҳ як зани гурҷиро аз даруни ҷомадон пайдо карданд. Ин зан низ аз ҳаққи вуруд ба Туркия маҳрум шуда буд ва мехост бо чунин роҳ вориди қаламрави ин кишвари ҳаммарз бо Гурҷистон шавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон